10.03.2018 раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот кард.

Зимни суҳбати пурмуҳтаво ҳарду ҷониб ҳавасмандии устувори худро ба густариши бештари равобити дӯстӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлӯ таъкид намуданд.

Дар мулоқот аз рушду тавсеаи бештари муносибатҳои байнидавлатӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд ва таъкид гардид, ки муколамаҳои мунтазами сатҳи баланди сиёсӣ асоси таҳкими равобит ва ҳамкории ду кишвари дӯст дар ҳама арсаҳо ва соҳаҳо ба ҳисоб мераванд.

“Мо дар Тоҷикистон ҳамеша боварӣ доштем, ки дер ё зуд дар муносиботи неки бисёрасраи кишварҳои мо давраи навине эҷод мешавад ва ҳама чиз ба давраи муқаррарии худ бармегардад”, — гуфт Зуҳуров.

Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар навбати худ иброз намуд, ки муносибатҳои дӯстонаи мо реша дар қалбҳои мардумони ҳар ду кишвар доранд. Аз ин хотир, вазифаи сиёсӣ ва инсонии мо аст, ки чунин равобитро ҳамаҷониба тақвият ва таҳким бахшем.

Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев аз густариши робитаҳо ва ҳамкории судбахши ду кишвар ва ҳамчунин аз сатҳи баланди эътимод ва ҳусни ният дар муколамаи сиёсии сатҳи олӣ изҳори хушнуди кард.

Меҳмони олиқадр ҳамчунин аз сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои гуногун ибрози қаноатмандӣ карда, ҳамзамон бар зарурати густариши ҳарчи бештари муносибатҳои байнипарлумонии ҳарду кишвар таъкид кард.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here