Вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои баӣнидавлатии Тоҷикистону Ҳиндустон ва робитаҳои баӣнипарлумонӣ имрӯз дар мулоқоти раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоҳир Зокирзода бо сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Синх мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар мулоқот таъкид карда шуд, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушду густариши бештари муносибатҳо бо Ҷумҳурии Ҳиндустон, аз ҷумла таҳкиму тавсеаи робитаҳои баӣнипарлумонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

Барои ба сатҳи сифатан нав расонидани муносибатҳо, дар навбати аввал беҳтарсозии кори гурӯҳи дустии  байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Лок Сабҳаи Ҷумҳурии Ҳиндустон, ҳамчунин иштироки фаъоли парлумонҳои ҳар ду давлат дар татбиқи санадҳои зимни сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ҳиндустон имзошуда, муҳиму манфиатбор шуморида шуд.

Таъкид карда шуд, ки пояи қарордодӣ-ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро зиёда аз 70  адад созишномаю ёддоштҳои тафоҳуми байниҳукуматӣ ва соҳавӣ ташкил медиҳад.

Баӣни ду кишвар Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ фаъолият дорад, ки яке аз механизмҳои асосии рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.

Аӣни ҳол, дар Тоҷикистон беш аз 80 ширкати ҳиндустонӣ фаъолият доранд ва дар реестри давлатӣ зиёда аз 1083 номгӯи маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ сабт шудааст.

Яке аз ҳадафҳои муҳимми сиёсати хориҷииТоҷикистон густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ боҲиндустон аст.

Зимни мулоқот таъкид карда шуд, ки ҷонибҳо бояд дар доираи имкониятҳои мавҷуда, дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, махсусан омӯзиши барномаҳои муосири компютерӣ ва тарбияи кадрҳои тахассусӣ ҳамкориҳои худро ҷоннок намоянд.

Дар ростои баланд бардоштани савияи дониши мутахассисони тоҷик ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон давраҳои мухталиф дар доираи Барномаи омӯзишии ҳамкориҳои иқтисодӣ (ITEC) ва Шӯрои муносибатҳои фарҳангии Ҳиндустон (ICCR) дар Ҳиндустон гузаронида мешаванд.

«Мо ба Шумо аз номи Парлумон  барои он кумакҳое,  ки дар давоми солҳои охир ба Парлумон ва соҳаҳои гуногуни кишварамон расонидаед  ташаккур мегуем. Ҳамкориҳои хуби Шуморо махсусан дар соҳаҳои ҳарбию- техникӣ  таъкид менамоем.  Барқарорсозии сохтмони госпитали дӯстии Тоҷикистону- Ҳиндустон  ва дигар иншоотҳои барои Тоҷикистон муҳим намунаи олии ҳамкориҳои ду кишвари бо ҳам дӯсту  бародар мебошад.

Мо аз сатҳ ва мӯҳтавои муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ мекунем. Ҳамзамон таъкид менамоем, ки барои густариш ва таҳкими бештари муносибатҳои ҳамкорӣ байни ду кишвар дар заминаҳои гуногун имконоти фаровони истифоданашуда ҳанӯз бисёр аст, -таъкид кард Маҳмадтоҳир Зокирзода.

Дар мулоқот ҳамчунин аз раванди густариши робитаҳои сиёсию иқтисодӣ Тоҷикистону Ҳиндустон изҳори қаноатмандӣ карда шуд ва ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои гидроэнергетика, нақлиёт, комплекси агросаноатӣ,  маориф, фарҳанг ва саӣёҳӣ пешниҳодҳои судманд иброз гардид.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here