Дар Ӯзбекистон шаҳрвандоне, ки дар гузашта бо айбҳои узвият дар гуруҳҳои гуногуни мазҳабӣ зиндонӣ шудаву соли гузашта ба озодӣ баромаданд, ба сайёҳати дурӯзаи Самарқанд рафтанд.

Дар ин бора маркази матбуотии Идораи маънавии мусалмонони Ӯзбекистон хабар медиҳад.

Ба иттилои ин ниҳод, зиндониёни пешин маҷмааи ёдгории «Ал-Бухорӣ», инчунин қабри президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримовро дар Самарқанд зиёрат карданд.

Моҳи декабри соли 2017 бахшида ба 25-солагии қабули Конститутсияи Ӯзбекистон президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев 2700 зиндониро авф кард.

Соли гузашта аз зиндонҳои Ӯзбекистон 14 зиндонии сиёсӣ — рӯзноманигорон, фаъолони ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳомиёни ҳуқуқ ба озодӣ баромаданд.

Бино бар иттилои созмонҳои байналхалқӣ, дар ҳоли ҳозир дар зиндонҳои Ӯзбекистон 12 рӯзноманигор ва ҳомии ҳуқуқ нигаҳдорӣ мешаванд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here