Шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Кушониён ва Ҷайҳун то рӯзи 28-уми ноябри соли равон нақшаи захираи ангиштро дар соҳаи маориф ҳамагӣ 64-88 дарсад иҷро кардаанд. Дар вилоят низ ин тадбир дар маҷмӯъ ба андозаи 97,8 дарсад иҷро шудаасту халос.

Тибқи маълумоти хатии Раёсати маорифи вилояти Хатлон, барои зимистонгузаронии муассисаҳои соҳа бояд 9804,3 тонна ангишт харидорӣ ва захира мешуд. Вале ноҳияи Кушониён нақшаро 64,4, Ҷайҳун 88 ва шаҳри Кӯлоб 78,9 дарсад иҷро карда, боиси аз нақшаи умумӣ қафо мондани вилоят шудаанд. Гуфта мешавад, ки 21 шаҳру ноҳияи дигар пурра омодаанд.

Дар ҳамин ҳол, аз Раёсати молия  ва шуъбаи маорифи ноҳияи Кушониён хабар доданд, ки барои харидории 776 тонна ангишт  488 ҳазору 993 сомонӣ пешбинӣ шуда буд, ки бо ин маблағ сад дар сади нақша ангишт харида шудааст.

Ёдовар мешавем, ки тибқи як қарори вижаи Ҳукумати  кишвар бояд то 31-уми октябри соли равон кулли соҳаҳо, аз ҷумла маориф, ба зимистони солҳои 2019-2020 пурра омода мешуданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here