Ба думболи вуқӯи зилзилаи шадид дар Сулаймонияи Ироқ бархе аз устонҳои ғарби Ҷумҳурии исломии Эрон, низ ларзиданд, ки дар пай он теъдоде аз мардум ҳалок ва теъдоде низ захмӣ шудаанд. Дар Кирмоншоҳ мотами серӯза эълон шудааст.

Хабаргузори Форс иттилоъ дод, ки зилзилае ба қудрати 7.3 дараҷаи Рихтер шаҳри Сулаймонияи Ироқро ларзонд, ки ин заминларза бархе устонҳои ғарби Эронро низ ба ларза даровардааст. Гуфта мешавад, ки дар Эрон бар асари ин зилзила ҳудуди 164 нафар ҷон бохтаанд. Шумораи осебдидагон 1683 нафар гуфта мешавад.

Дар паёми муштарак аз сӯи намояндаи устондори Кирмоншоҳ ба думболи ҷон бохтани теъдоде аз мардуми Кирмоншоҳ дар зилзила, аз рӯзи душанбеи 13-уми октябр ба муддати се рӯз дар ин устон азои умумӣ эълон шудааст.

Бино ба гузоришҳои ВАО дар Ироқ бар асари ин заминҷунбӣ 1 нафар ҳалоку ҳудуди 100 кас осеб дидаанд. 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here