Семинари омӯзишӣ, ки тайи ду рӯз (15-16-уми апрел) дар меҳмонхонаи «Серена» идома кард, рӯзноманигорони расонаҳои ватаниро, ки аз масоили вобаста ба бемории сил менависанд, аз минтақаҳои кишвар ба ҳам овард.

Дар семинар устоди факултети журналистика ва тарҷумонии ДМТ профессор Ҷовид Муқим ва муовини дирекори маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил Бобоҷон Пирмаҳмадзода тарзу усули пешниҳоди матлаб, суҳбат бо беморону мутахассисони соҳа ва истифодаи омор ва факту арқом зимни таҳияи мавод дар рӯзнома, радио ва телевизионро ба рӯзноманигорон омӯзониданд.

Ҳамчунин, пас аз зуҳри рӯзи дуюми чорабинӣ озмуни «Беҳтарин маводи журналистӣ» миёни рӯзноманигорони васоити ахбори оммаи кишвар оид ба пешгирии бемори сил ҷамъбаст ва ғолибон қадрдонӣ карда шуданд.

Масъулини озмун тибқи эълони пешакӣ аз рӯзноманигорон маводҳоеро қабул карданд, ки давоми 6 моҳи охир (аз 1-уми октябри соли 2018 то 31-уми марти соли 2019) дар матбуот, радио ва телевизион нашр ва пешкаши хонандагону тамошобинон гардонида шуда буданд. Ба гуфтаи дастандаркорон дар ин муддат беш аз 50 маводи журналистон барои озмун пешниҳод гардиданд, ки аз миён шаш мавод барои ҷойҳои ифтихорӣ интихоб карда шуданд.

Озмун аз рӯи номинатсияи телевизион ва  радио, матбуот ва сомонаҳои интернетӣ гузаронида шуд, ки Идигули Раҷаб (Радиои Тоҷикистон) ва Озода Раҳматуллозода («ТВ Сафина») дар номинатсияи телевизион ва радио ба ҷойҳои якум ва дуюм, матбуот-Сайфиддин Суннатӣ (рӯзномаи «Садои мардум») ва Малоҳат Маҳкамова (рӯзномаи узбекии «Суғд ҳақиқати»), дар номинатсияи сомонаҳои интернетӣ бошад, ҷойи аввал ва дуюм ба хабарнигорон Қамари Аҳрор (сомонаи «Спутник-Тоҷикистон») ва Ибодат Давлатзода (Агентии миллии Ховар) сазовор дониста шуда, бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравии ноутбук ва телефони мобилӣ қадрдонӣ гардиданд.

Масъулин мегуянд, озмуни мазкур аз соли 2015 инҷониб дар доираи нақшаи муштарак байни ду сохтори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон-Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ва Маркази ҳимоя аз бемории сил, аз рӯи имконият дар як сол ду маротиба гузаронида мешавад ва ҳадафи он ҷалби аҳолӣ барои гирифтани табобати саривақтӣ, баланд бардоштани  донишу маърифати тиббии шаҳрвандон вобаста ба бемории сил аст, зеро табобати беморӣ дар давраи аввали сироятёбӣ осонтар мебошад.

Дар чорабинӣ иҷрокунандаи вазифаи директори Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ лар Тоҷикистон ҷаноби Пол Ричардсон ва директори Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солими вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Парвина Мухторова иштирок карда, туҳфаҳои хотиравиро ба ғолибон супориданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here