Журналисти тоҷик Раҳима Бобоева, ки ба беморӣ гирифтор шудаву аз шавҳар ҷудо шудааст, бо кӯдаконаш дар ноҳияи Вахш зиндагӣ мекунад. Ӯ бо як муроҷиат ба ҳамкасбонаш хостааст, ки ба қазияи ӯ дахл кунанд.

Дар муроҷиати ин журналист, ки қаблан дар Душанбе зиставу ҳамчун журналист фаъолият доштааст ва дар филме ҳам нақши асосиро бозидааст, гуфта мешавад, ки ӯ ба бемории саратон гирифтор аст ва маъюби гуруҳи 2 аст. Ҳоло аз давлат 120 сомонӣ нафақа ва ҳудуди 400 сомонӣ аз шавҳари собиқаш барои кӯдакон алимент мегирифтааст. Мушкили ин зан сари вақт нагирифтани алимент будааст, ки мегӯяд: «Давоми 3 сол ба танҳоӣ мубориза бурдам, ба дари ҳаммаи идораҳо рафтам. Борҳо андешидам ва ниҳоят хулоса кардам фақат ва фақат рӯзноманигорон умеди охирини мананд».

Ин маблағ барои зистани фарзандонаш кифоя набудааст, бар замми ин барои доруву дармони худаш низ ба маблағ эҳтиёҷ доштааст. Бобоева ҳамкасбони худро «умеди охирин» номидааст ва қасди муроҷиаташ низ ҳамин будааст, ки дастгирие ёбад.

Наворро ШТР «Ватан» нашр кардааст ва рақами тамос бо Раҳима Бобоеваро низ ёдовар шудааст, ки ин аст: +992 98 523 0286.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here