Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии  Тоҷикистон то 5-уми майи соли 2020 дар ҳудуди ҷумҳурӣ ҳаво номусоид шуда, вазидани раъду барқ ва боридани борону жолаи шадид дар назар аст.

Дар вилояти Суғду Хатлон санаи 4-уми май шамол бо суръати 12-17 м/с мевазад. Дар роҳҳои кӯҳии ҷумҳурӣ фаромадани сел, тарма ва сангрезиҳо пешгӯйи шудааст.

Дар робита ба вазъи номусоиди боду ҳавои ҷумҳурӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз сокинони кишвар хостааст, ки тадбирҳои асосии бехатариро риоя намуда, аз сафар ба кӯҳсор, ҷамъоварии занбурӯғҳо ва дигар рустаниҳо, ки дар мавзеи кӯҳдоман мерӯянд, худдорӣ кунанд. Ронандагоне, ки мошинҳои сиёҳшиша дорад, ҳангоми торикии шаб ба сафар набароянду сокинон аз моҳидорӣ дар соҳили рӯду дарёҳо худдорӣ кунанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here