Нисфирӯзии 31-уми октябр як гуруҳ вакилони Думаи давлатии Федератсияи Русия таҳти сарварии раиси Ҳизби демократии либералҳои ин кишвар Владимир Жириновский бо сафари дурӯза ба Тоҷикистон омаданд.

Меҳмононро дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе муовини якуми МНМО Абдуҷаббор Азизӣ, раисони Кумитаҳои МН Олим Салимзода ва Садриддин Шарипов истиқбол намуданд.

Тибқи иттилои сухангӯи МН Муҳаммадато Султонов, дар назар аст Владимир Жириновский ва ҳамроҳони ӯ аз Қалъаи Ҳисор, ноҳияи Шаҳринав ва шаҳри Турсунзода дидан намоянд.

Фардо В. Жириновский бо раиси МН Шукурҷон Зуҳуров, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва устодони Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон мулоқот хоҳад кард. Манбаъ мегӯяд, мулоқоти В. Жириновский бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба нақша гирифта нашудааст. Меҳмонон рӯзи 2-юми ноябр аз Тоҷикистон ба вилояти Бухорои Ҷумҳурии Узбекистон парвоз хоҳанд кард.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here