Як мард мошинро ба қафо ронда аз беэҳтиётӣ духтари яксолаи худро зер кардааст, ки ин боиси марги ноболиғ гардидааст. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД хабар дод.
Рӯзи 12-уми декабри соли 2019, тахминан соати 15:10, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» Аскаров Абдуллоҷон Камолович, соли таваллудаш 1985, сокини шаҳри Турсунзода, дар назди ҳавлии истиқоматиаш ҳангоми ба самти қафо ҳаракат кардан духтарчаи ноболиғаш, Аскарова Камола Абдуллоҷоновна, соли таваллудаш 2018-ро пахш намудааст. Дар натиҷа, хурдсол Аскарова К.А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.