Аввлин чемпионати футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои бонувон бо ғалабаи дастаи “Зебонисо”-и Душанбе зери роҳбарии мураббӣ Зебо Гасимова анҷом ёфт.

Дар чемпионат дастаҳои «Зебонисо» (Душанбе), «Хатлон» (Бохтар), «Равшан» (Кӯлоб), «Суғд» (Хуҷанд), «Барқ Норак» (Норак) ва «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) иштирок карданд.

Бозиҳо дар ду марҳила баргузор шуда, ҳар даста бо ҳамдигар дар хона ва меҳмонӣ бозӣ карданд.

Тақдири медалҳои тиллои чемпионат дар даври охир – дар бозӣ миёни дастаҳои “Хатлон” ва “Зебонисо” ҳал шуд. Дар марҳилаи аввал бонувони футболбози пойтахт бо ҳисоби 1:0 ғолиб шуда буданд. Ба дастаи “Хатлон” зарур буд, ки бо фарқияти 2 гол пирӯзӣ ба даст оварад. Бозии ҳалкунанда миёни ин ду даста бо ҳисоби мусовии 1:1 ба поён расид.

Ҳамин тариқ, ғолибияти аввалин чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои бонувон насиби тими “Зебонисо” гардид. Ин даста дар 10 бозӣ 28 хол ба даст овард. Дастаи “Хатлон” медалҳои нуқра (25 хол) ва дастаи “Регар-ТадАЗ” медалҳои биринҷии (18 хол) чемпионатро сазовор шуданд.

Маросими ҷоизасупорӣ имрӯз – 9 август – дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо иштироки ноиби президенти Федератсияи футболи мамлакат Алишер Урунов, роҳбари маъмурияти ФФТ Шавкат Ахмедов ва роҳбари шуъбаи футболи занонаи ФФТ Дилором Нусратуллоева доир гашт.

Кумитаи тадорукоти чемпионат беҳтарин бозингаронро низ муайян намуд. Адолат Комилова аз дастаи “Хатлон” беҳтарин дарвозабон, ҳамдастааш Лайло Ҳалимова бо 16 гол беҳтарин ҳамлагар ва Мадина Фозилова аз дастаи “Зебонисо” беҳтарин бозингар дониста шуданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here