Дар шаҳри Тошканд нахуствазири Ӯзбекистон Абдулло Арипов бо ҳамтои қирғизи худ Акрам Мадумаров  дидору мулоқот анҷом дод. Дар он ҷонибҳо қайд карданд ки ба шарофати саъйу талоши роҳбари ду давлат муносибатҳои Ӯзбекистону Қирғизистон дар солҳои охир хеле беҳтар гардидааст.

Абдулло Арипов гуфт, ки табодули моли миёни ду кишвари ҳамҷавор  афзоиш ёфта, робитаҳои фарҳангӣ низ мустаҳкам мешаванд.

Яке аз масъалаҳои марказии ин гуфтушунид ба он рабт дода шуд, ки ҳанӯз ҳалли он ба давраи ниҳоии худ нарасидааст ва он муайян кардани марзи миёни ду кишвар мебошад.

Ҷонибҳо қайд карданд, ки ҳайатҳои ҳукуматии ду кишвар дар  робита ба муайян кардану аломаткузории марзҳои давлатии Ӯзбекистону Қирғизистон корҳои зиёдеро ба анҷом расонидаанд.

Ба гуфтаи нахуствазири Қирғизистон то ҳол 85 дарсади тӯли марзи миёни ду кишвар муайян карда шудааст, аммо ҳудуди 10-15 дарсади он боқӣ мондааст, ки ҳанӯз муайян карда нашудааст.

— Масъалаи муайян кардани марзи миёни ду кишварро 1 августи соли 2019 баррасӣ карда будем, — изҳор намуд ҷаноби Мадумаров.

Ба таъкиди нахуствазири Қирғизистон дуруст ва дақиқ намудани хати марз яке аз принсипҳои асосии давлатдорӣ мебошад.

Гуфта мешавад, ки Абдулло Арипов ва Акрам Мадумаров перомуни масъалаҳои кори гузаргоҳҳо, рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиёту коммуникатсионӣ ва фарҳангиву башардӯстона, ҳамчунин истифодаи оқилонаи захираҳои об табодули назар намуданд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here