Дар доираи демаркатсияи сарҳад Қирғизистон ва Ӯзбекистон қитъаҳои заминро иваз карданд. Демаркатсияи сарҳадҳо дар давоми як ҳафта сурат хоҳад гирифт. Аз 1040 га замин, ки мавриди муҳокима қарор гирифтааст, тарафҳо танҳо дар сари 407 га замин ба мувофиқа расиданд.
Тибқи иттилои Kloop.kg, ки аз манбаи худ дар ҳукумати вилояти Ош хабар додааст, қаламрави минтақаи Араван ба Ӯзбакистон дода шудааст. Обанбори Керкидан ҳамроҳ бо хати соҳил пурра таҳти назорати Ӯзбекистон қарор хоҳад гирифт, аммо сокинони деҳаи Керкидани Қирғизистон ба оби обанбор дастрасӣ хоҳанд дошт.
Ба ивази он, Ӯзбекистон қитъаи заминро дар наздикии деҳаи Гулбаар, ки дар даромадгоҳи ноҳияи Араван, дар роҳи ба сӯи Ош ҷойгир аст, ба Қирғизистон додааст. Қаблан, як қисме аз роҳи Араван то Ош ба қаламрави Ӯзбекистон тааллуқ дошт, ки ҳоло он ба қаламрави Қирғизистон мегузарад.
Оби обанбор сабаби муноқишаҳои пайваста байни сокинони ду кишвар аст.
10-уми сентябр дар назди обанбор дар наздикии деҳаи Керкидан муноқишаи сокинони маҳаллӣ ва марзбонони Ӯзбекистон ба вуқӯъ пайваст. Сокинони деҳаи Керкидан дар ноҳияи Араван аз он эътироз карданд, ки марзбонони Ӯзбекистон дар наздикии обанбор деворҳо месозанд.
Се сол пеш, дар соли 2015, сокинони Керкидан аз хабари он, ки заминро дар наздикии обанбор ба ҳамсоягонашон хоҳанд дод, эътироз карданд. Онҳо талаб карданд, ки обанбор барои истифодаи баробари байни Қирғизистон ва Ӯзбекистон дода шавад.