Рӯзҳои 10-15-уми августи соли равон дар шаҳри Қӯқанди Ӯзбекистон фестивали байналмилалии ҳунармандӣ баргузор мегардад. Бино ба гуфтаи масъули дафтари матбуоти ин фестивал Нилуфар Хотамова шаҳри Қӯқанд аз 76 кишвари дунё зиёда аз 340 нафар меҳмону ҳунармандро интизор аст.

Гуфта мешавад, маросимҳои асосии фестивали ҳунармандӣ дар майдони “Ӯрдаи Худоёрхон” мегузаранд.

— Дар ин майдон саҳна ва амфитеатр барпо карданд. Он ҷои баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, консерту намоиши барномаҳои дастаҳои ҳунарӣ мебошад. Дар айни ҳол аз тамоми вилоятҳои кишварамон иштирокчиёни фестивал ба Қӯқанд омадаанд ва марҳилаҳои тайёрӣ ва тамринҳои гуногун пушти сар мешаванд, — мегӯяд Нилуфар Хотамова.

Фестивали байналмилалии ҳунармандии Қӯқанд муддати панҷ рӯз ба минбари намоиш додан ва муаррифӣ кардани урфу одатҳо, анъанаҳо, маҳсули дасти ҳунармандон, вохӯриву мулоқотҳо, ба роҳ мондани ҳамкориҳову имзои шартномаҳо ва монанди он мубаддал хоҳад шуд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Қӯқанд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here