Тибқи амри президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз буҷаи давлат барои пуштибонии молӣ аз мардуми камбизоати кишвараш боз 2 триллион сӯм ҷудо карда шудааст. Дар ин бора дафтари матбуоти президент иттилоъ дод.
Гуфта мешавад, теъдоди расмии камбизоатони Ӯзбекистон 1 мииллиону 700 ҳазор ба қайд гирифта шудааст. Ин қишри ҷомеа ва 50 ҳазор нафар корманди соҳаи тиб аз 780 миллиард сӯми ин маблағи ҷудошуда бархурдор хоҳанд шуд.
Дар баробари ин, ба 3 миллиону 700 ҳазор нафақахӯр, 500 ҳазор эҳтиёҷманди дигари ин кишвар низ давлат ёрии молӣ мерасонад. Амалӣ сохтани ин нақша то охири моҳи равон сурат хоҳад гирифт.
Аз ҳокимони вилоятҳо, ноҳияҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳрвандӣ ва роҳбарони идораҳои марбутаи Ӯзбекистон тақозо шудааст, ки маблағҳои ҷудошуда дар байни мардум дуруст тақсим карда шаванд. Дар акси ҳол, ҳар гуна беадолатӣ мавҷи норизоиҳоро дар миёни мардум бармеангезад, ки набояд ба он роҳ диҳанд.
Президент Мирзиёев ходимони ниҳодҳои ҳуқуқ ва тартиботи кишварашро муваззаф намудааст, ки раванди тақсими адолатноки ин маблағҳоро зери назорати қатъӣ гиранд. Дар сурати роҳ додани камбудиҳо шахсони масъул тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
То ин замон аҳолии камбизоати ҷумҳурӣ аз кумакҳои зиёди молӣ баҳраманд шудаанд, аммо дар тақсими ин кумакҳо баъзе қонуншиканиҳо ба мушоҳида расидааст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое пахш мешаванд, ки тақсим ва танзими ноодилонаи ин маблағҳои давлатиро баррасӣ менамоянд.
— Дар чунин шароити ногувор, ки мардуми зиёд дар хона нишастааст, бисёриҳо кори худро аз даст додаанд ва бо сахтиҳо рӯзгори худро пеш мебаранд, баъзе гурӯҳҳои коррупсионӣ мисли мӯру малах намегузоранд, ки маблағҳои ҷудошуда ба дасти соҳибонашон расанд. Борҳо собит шудааст, ки ин маблағҳоро роҳбарону дастандаркорони бевиҷдон ба хешутабор ва одамоне тақсим мекунанд, ки ба чунин кумакҳо ниёз надоранд, — мегӯяд сокини ноҳияи Юнусободи шаҳри Тошканд Файзулло Икромов.
Ба таъкиди ӯ, чанде пеш барои хонаводаҳои камбизоат ба миқдори як миллионсӯмӣ кумакҳои молӣ ихтисос дода шуд. Ҳамчунин қарор аст, ки кормандони соҳаи тиб барои хизматҳои шабонарӯзиашон дар роҳи барқарор намудани саломатии мардум бо ин миқдор маблағ қадр карда шаванд. Як қисми ин маблағҳоро ба тороҷ бурданд ва он пурра ба соҳибонашон нарасидааст.
Дар ҳамин ҳол, давлати Ӯзбекистон ба манзури беҳбуди шароити мардуми эҳтиёҷманд ва бекору бемаошмондаи худ бо роҳҳои гуногун мехоҳад иҷрои ёрии иҷтимоиро ба роҳ андозад. Яке аз ин иқдомоти давлат дар вилояти Сирдарё пиёда карда шудааст. Гуфта мешавад, ки дар соири вилоятҳои ин кишвар реестри воҳиди иҷтимоӣ ҷорӣ карда хоҳад шуд, ки ҳадафи он ба кумакҳои молӣ фаро гирифтани тамоми қишри камбизоати ҷомеа мебошад.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд