Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷамъомади ғайринавбатии ҳисоботӣ-интихоботии худро баргузор кард. Дар он 113 нафар вакил аз шаҳру вилоятҳои тоҷикнишини ин кишвар ширкат карданд. Аз онҳо 97 нафар ҳақи овоз доданро доштанд.

Ин ҷамъомад ба он далел даъват шуд, ки раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ҷумҳурии Ӯзбекистон шоир ва олими тоҷик Ҷаъфар Муҳаммади Холмӯъмин аз мақомаш истеъфо дод. То баргузории ҷамъомади ғайринавбатӣ аъзои раёсат ноиби аввали раиси Маркази миллӣ-фарҳангӣ  Гуландом Субҳоноваро  иҷрокунандаи вазифаи раиси он интихоб карданд.

Ҷамъомади ғайринавбатӣ аввал Ойинномаи худро дар таҳрири нав ба таври васеъ баррасӣ кард ва бо баъзе тағйироту иловаҳо онро ба тасвиб расонд.

Баъд Гуландом Субҳонова ҳисоботи беш аз дусолаи фаъолияти марказро ба ҷамъи вакилон ироа дошт. Ҳамчунин, ҳисоботи раиси комиссияи тафтишоти марказ низ шунида шуд.

Барои ишғоли курсии раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикон панҷ нафар номзад пешбарӣ шуданд. Инҳо Гуландом Субҳонова, Шоқаҳҳор Салимов, Амина Шарофиддинова, Аҳмад Абдуназаров ва Ризқиддин Эсанбоев буданд.

Дар шурӯъи ҷамъомади ғайринавбатӣ Аҳмад Абдуназаров ва Ризқиддин Эсанбоев номзадии худро пас гирифтанд.

Баъд барои вакилони ҷамъомади ғайринавбатӣ номзадҳои пешбаришуда бо навбат барномаҳои худро ироа карданд ва ба саволҳо ҷавоб доданд. Ҳамзамон, бархе аз вакилон дар бораи номзадҳо фикрҳои худро иброз карданд ва аз вакилони ҷамъомад даъват карданд, ки ба тарафдории ин ё он номзад овоз диҳанд.

Сипас, аз роҳи овоздиҳии пинҳонӣ вакилони ҷамъомади ғайринавбатӣ ба назди қуттӣ ҳозир шуданд ва бо чунин натиҷа  раиси навро интихоб карданд: Гуландом Субҳонова-37 овоз, Шоқаҳҳор Салимов-34 овоз, Амина Шарпофиддинова-26 овоз.

Тавре дар ин ҷамъомад гуфта шуд, аъзои раёсати қаблӣ тақрибан дар ҳамон таркиби пештарааш боқӣ мемонад ва дар раъси Гуландом Субҳонова ба фаъолияташ идома медиҳад.

Гуландом Субҳонова зодаи вилояти Сирдарё аст. Маълумоташ олӣ, номзади илмҳои фалсафа. Соли 1971 донишкадаи омӯзгориро дар риштаи забон ва адабиёти рус хатм кардааст. Борҳо ба депутатии шӯрои вилояти Ҷиззах ва чанд ноҳияи он интихоб шудааст. Дар вазифаҳои гуногуни раҳбарӣ кор кардааст. Соҳиби мукофотҳои давлатӣ мебошад. Дар муддати ду соли охир ҷонишини якуми раиси Маркази тоҷикони Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва таъмини молӣ буд

Ногуфта намонад, ки дар баромади худ як қатор вакилон фикрҳои танқидӣ баён карданд ва аз раиси нав тақозо карданд, ки дар бобати ҳифз ва рушди забони модарӣ, кушодани синфҳои тоҷикӣ, таъсиси маҷаллаи адабӣ-бадеӣ, таъмини мактабҳо бо китобҳои дарсӣ, муттаҳид кардани тоҷикон, беҳбуд бахшидан ба фаъолияти марказҳои миллӣ-фарҳангии тоҷикони шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои Ӯзбекистон чораҳои қатъӣ пиёда кунад.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here