Дар чаҳор соли охир ҳамкориҳои миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон тамоми соҳаҳоро фаро гирифтаанд ва ин ҳамкориҳо беш аз пеш вусъат меёбанд. Интизор меравад, кичунин ҳамкорӣ дар бахши расонидани хизматҳои давлатӣ низ ба роҳ монда хоҳад шуд.
Гуфта мешавад, дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон сохтори нави хизматрасонӣ арзи вуҷуд кард. Онро Агентии хизматҳои давлатӣ меноманд, ки ташвишҳои зиёди мардуми ин кишварро хеле сода намудааст ва ҷиҳати сарфа намудани вақти онҳо мусоидат кардааст.
Тавре ки сухангӯи дафтари матбуоти ин агентӣ Севара Зокирова ба мухбири “Фараж” иттилоъ дод, беҳбуди кори агентии хизматрасонии давлатӣ таваҷҷӯҳи мутахассисони кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистони ҳамҷаворро ба худ ҷалб кардааст.
— Дар ин замина як ҳайати Тоҷикистон ба намояндагӣ аз Корхонаи давлатии унитарии “Тоҷикинвест” таҳти раёсати мудири иҷроияи он Ҷавоҳирлаъл Музафарӣ ва сардори садорати Кумитаи давлатии сармояҳо ва идораи моликияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Яздонзода ба маркази ноҳиявии Агентии хизматҳои давлат, воқеъ дар ноҳияи Чилонзори шаҳри Тошканд, ташриф овард. Аъзои ин ҳайат диданд, ки ходимони маркази ноҳиявӣ ба соҳибкорон ва корафтодагон тавассути технологияҳои замонавӣ хизмати босамар мерасонанд, — мегӯяд Севара Зокирова.
Вай афзуд, ки мудири умумии Агентии хизматҳои давлатӣ Улуғбек Муҳаммадиев меҳмонони тоҷикистониро бо таърихчаи арзи вуҷуд намудани ин ниҳоди ҷадиди хизматрасонӣ ва фаъолияти рӯзмарраи он ошно кард. Улуғбек Муҳаммадиев гуфтааст, ки агентӣ дар соири шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бахшҳои худро ифтитоҳ намудааст ва аз хизмати он аҳолии кишвараш истифода мекунанд.
Ҷавоҳирлаъл Музаффарӣ иброз доштааст, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон омӯзиш ва дар амал пиёда кардани таҷрибаи Ӯзбекистонро дар самтҳои гуногун ба манфиати кор хонда, мутасаддиёни ниҳодҳои марбутаро вазифадор кардааст, ки ба ин кишвари ҳамсоя раванд ва аз таҷрибаи онҳо бархурдор гарданд.
— Мо аз ин сафар хеле қаноат ҳосил намудем, зеро ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаи хизматрасонӣ ба мардум ҳамеша ба нафъи кор мебошад. Дар кишвари мо низ чунин ниҳоди хизматрасонӣ ба роҳ монда мешавад ва таҷрибаи ходимони ин соҳаи кишвари ҳамсоя ба мо хеле муфид хоҳад буд, — гуфтааст Ҷавоҳирлаъл Музаффарӣ.
Вай афзудааст, ки онҳо аз мамолики дигар низ чунин таҷрибаҳоро мавриди омӯзиш ва татбиқ қарор медиҳанд. Ба таври мисол, таҷрибаи Озарбойҷон, Гурҷистон, Эстония, Русия ва амсоли он омӯхта мешавад, вале таърих, фарҳанг ва расму ойинҳои тоҷикону ӯзбекон муштараканд. Ин муштаракот имкон медиҳад, ки ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон аҳамияти бештарро касб намояд.
— Ногуфта намонад, ки таҷрибаи Агентии хизматҳои давлатии Ӯзбекистонро аллакай намояндагони кишварҳои дигар низ мавриди омӯзиш қарор додаанд. Аз ҷумла, як гурӯҳ фиристодаҳои Ҷумҳурии Белорус ба Ӯзбекистон ташриф оварданд ва дар марказҳои гуногуни хизматрасонӣ таҷрибаи моро омӯхтанд, — иброз намуд Севара Зокирова.
Ба гуфтаи сухани Агентии хизматҳои давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Севара Зокирова ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки минбаъд бо ҳам табодули таҷриба кунанд.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд