Аз 23-юми март касоне, ки дар шаҳри Тошканд сабти ном нашудаанд, имкони вуруд ба ин шаҳрро надоранд. Шурӯъ аз имрӯз боз чораҳои қатъитар дида шудаанд. Танҳо ба афроде, ки аз ноҳияҳои вилояти Тошканд омада дар ин шаҳр кор мекунанд, иҷозаи вуруд дода мешавад, аммо ҳамаи онҳо бо дастгоҳи махсус муоина хоҳанд шуд.

Дар айни ҳол мувофиқи маълумотҳои расмӣ дар шифохонаи бемориҳои сироятии вилояти Тошканд 101 нафар дар карантин қарор доранд.

Осоишгоҳи Назарбек 243 нафарро барои карантин дар худ ҷо додааст, ки гуфта мешавад, аз Русия вориди кишвар шудаанд. Бино ба маълумоти садорати корҳои дохилии вилояти Тошканд теъдоди сироятшудагони ин беморӣ ба 9 нафар расидааст.

Ба вируси корона сироят шудани як ҳамшираи шафқат низ ба қайд гирифта шудааст. Ин ҳодисаи нахустини сироят шудани ходими тиб аз ин беморӣ дар Ӯзбекистон мебошад. Сироятшудагони боқимонда аз Русия баргаштаанд.

Ба ин тариқ, дар Ӯзбекистон теъдоди умумии ба коронавирус сироятшудаҳо 46 нафарро ташкил мекунад. Барои ҳамин дар қаламрави ҷумҳурӣ чораҳои қатъии ҳаракати нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ, нақлиёти байнишаҳрӣ ва байнивилоятҳо ҷорӣ шудааст. Тамоми хатсайрҳои заминиву ҳавоӣ аз Тошканд ба соири вилоятҳо қатъ шудаанд.

Дар қадами аввал ҳамаи бозорҳои деҳқонӣ ва марказҳои тиҷорат, аз ҷумлаи супермаркетҳо, гипермаркетҳо, мағозаву дӯконҳои бузурге, ки дар шаҳри Тошканд қарор доранд, бо дастгоҳҳои махсуси тепловизорҳо ва антисептикҳо муҷаҳҳаз мешаванд. Баъдан ин кор дар Қароқалпоқистон ва вилоятҳову шаҳрҳо анҷом дода мешавад.

Дар ҳоле ки вуруди интиқоли мавод ба кишвар мамнӯъ нашудааст, ҳамаи воситаҳои нақлиёти воридшаванда ва хориҷшаванда тамиз (дезинфексия) карда мешаванд. Қабули шаҳрвандон ва субъектҳои соҳибкорӣ танҳо аз тариқи онлайн сурат мегирад.

Дар Ӯзбекистон даъвати ҷавонон барои хизмат дар артиш низ мутаваққиф сохта шуд.

Ҳукумати ҷумҳурӣ бо судури қарори вижа “Дар бораи чораҳои иловагӣ барои ҷилавгирӣ аз пахши инфексияи коронавирус” қоидаҳои хос ҷорӣ намудааст. Мувофиқи он корхонаву муассисаҳо, новобаста аз шаклу тарзи кор, бояд кормандонашонро ба рухсатии иҷборӣ фиристанд. Кормандони боқимонда метавонанд кори худро тариқи фосилавӣ анҷом диҳанд.

Ҳамчунин, ҳамаи кормандон бояд бо ниқобҳои тиббӣ таъмин карда шаванд ва ба таври мунтазам ҳарораташонро бисанҷанд. Ба онҳое, ки ҳарораташон баланд шудааст, иҷоза дода намешавад, ки дар ҷои кор бимонанд.

Дар айни ҳол фаъолияти тамоми бозорҳои маводи ғайриистеъмол боздошта мешаванд. Ҷиҳати ҷилавгирӣ аз пахши коронавирус дар тамоми минтақаҳо марказҳои зидди коронавирус таъсис меёбанд. Ин марказҳо дар осоишгоҳҳо ба фаъолият шурӯъ мекунанд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here