Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо мардуми осебдидаи вилояти Сирдарёи кишвараш бори чорум мулоқот анҷом додааст. Вай гуфтааст, ки бартараф  кардани оқибатҳои кандашавии обанбори Сардоба то 1 сентябри соли равон анҷом меёбад. Дар ин бора дафтари матбуоти дастгоҳи президенти Ӯзбекистон иттилоъ додааст.

— Маблағи тармими манзилҳои хисоротдида ва бунёди хонаҳои навро давлат мепардозад. 1 сентябр одамон метавонанд ба хонаҳои нав ва тармимшудаи худ кӯчида дароянд, — изҳор кардааст Шавкат Мирзиёев.

Ба гуфтаи ӯ участкаҳои наздиҳавлигии минтақаҳои осебдидаи вилояти Сирдарё низ дар ихтиёри соҳибони он боқӣ мемонад. Илова бар ин, президент ба дастикам чоруним ҳазор соҳиби хонаҳое, ки аз ин ҳодиса зарари моливу равонӣ дидаанд, 40 миллионсӯмӣ ҷубронпулӣ ва тӯҳфаҳо супурдааст.

Ин тӯҳфаҳо аз телевизорҳо, яхдонҳо, мошинҳои колошӯӣ, чойнакҳои барқӣ, минибухориҳо, дарзмолҳо ва асбобу анҷоми маишӣ иборатанд. Шавкат Мирзиёев дар ин мулоқот сертификат ва дафтарчаҳои бонкиро ба соҳибони он тақдим намудааст.

Дафтари матбуоти президенти Ӯзбекистон мегӯяд, 10 миллион доллар кумаки молии миллиардери ӯзбектабори Русия Алишер Усмонов низ барои мардуми вилояти Сирдарё ихтисос дода мешавад.

Бино ба иттилои ин манбаъ, ҳамчунин ҳокимияти вилоятҳо, вазоратҳо, идораҳо, иттиҳодияҳои хоҷагидорӣ ва соҳибкории соири вилоятҳои Ӯзбекистон низ дар бартараф намудани оқибатҳои ҳодисаи Сардобаи вилояти Сирдарё бо кумакҳои молӣ ширкат мекунанд.

ГуФта мешавад, ки Ӯзбекистон барои таҳқиқи ҳодисаи кандашавии обанбори Сардоба коршиносони маъруфи Русияро ҷалб хоҳад кард. Ин коршиносон масъалаи ҳодисаи фавқулоддаи Сардоба ва истифода кардан ё накардани ин обанборро барои оянда арзёбӣ хоҳанд кард.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here