Мувофиқи маълумоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон теъдоди сироятшудагони бемории коронавирус то 8 апрел ба 534 нафар расидааст. Ба гуфтаи вазири тандурустии ин кишвар Алишер Шодмонов роҳҳои асосии сирояти ин беморӣ аз онҳое маншаъ гирифтааст, ки аз хориҷа омадаанд ва дар қадами аввал ба аъзои хонаводаи худ ин бемориро интиқол додаанд.

— Ба таври мисол як нафар шаҳрванди кишварамон 15 март ба ватан баргаштааст ва 15 нафарро аз ин беморӣ сироят кунондааст. Дар вилояти Андиҷон низ бо ҳамин роҳ вируси ин бемориро паҳн намудаанд, — мегӯяд Алишер Шодмонов.

Ба гуфтаи вазири тандурустӣ 27 март аз шахсе, ки дар ӯ ин бемори ташхис шудааст, дар маҷмӯъ 46 нафар сироят шудаанд. Вай аввал ба падару модар онро интиқол додааст, сипас, 36 нафар ҳамкорашро сироят кардааст ва бо се нафари дигар вориди мулоқот шудааст.

— Ин бемор дар сурати пайдо шудани нишонаҳои коронавирус ба пизишкон муроҷиат накардааст ва боиси сирояти одамони зиёд шудааст, — изҳор кард Алишер Шодмонов.

Вай илова кард, ки сокини шаҳри Тошканд бо ҳамсараш ба Туркия сафар кардааст ва баъди бозгашт ҳашт нафар аъзои хонаводаи онҳо ба вируси ин беморӣ сироят шудаанд. Гуфта мешавад, ки ҳамаи онҳо низ таҳти назорати пизишкону мутахассисон қарор доранд ва муолиҷа мешаванд.

— Як сокини вилояти Тошканд баъди бозгашт ба ватан 5 рӯз дар хона хобидааст. Вай танҳо баъди 4 рӯз ба пизишкон муроҷиат кардааст ва ҳоло аз роҳи додани нафаси сунъӣ муолиҷа мешавад. Бемори дигар, аз зумраи сокини ҳамин вилоят, бо вуҷуди баланд шудани ҳарорати бадан ва сулфаи бетанаффус ба чор муассиса рафтааст. Дар натиҷа 52 нафар аз вируси ин беморӣ сироят шудаанд, — гуфт вазири тандурустии Ӯзбекистон.

Тавре Алишер Шодмонов тазаккур медиҳад, баъди бозгашт аз хориҷа ба қоидаҳои карантин риоя накардану ба ҳайси корафтодаҳо ба ташкилоту муассисаҳо сар халондани беморони ба коронавирус сироятшуда боиси афзоиши ин беморӣ дар Ӯзбекистон мегардад.

— Ҳамаи ин амали онҳо ғайр аз ҷиноят чизи дигар нест, — мегӯяд Алишер Шодмонов.

Ба гуфтаи ӯ яке аз беморон дар се ташкилот кор мекардааст. Ба далели нофаҳмиҳо ходимони сиҳати омма маҷбуранд, ки 100 нафарро зери назорати худ қарор диҳанд, ки бо ин шахс кор мекарданд.

— Як шаҳрванди дигар барои сироят шудани 7 нафар аъзои хонаводааш ва 153 нафари дигар “қаҳрамонӣ” кардааст. Дар маҷмӯъ, онҳое, ки аз ҳафт кишвари дунё баргаштаанд ва теъдодашон 123 нафарро ташкил мекунад, аз сабабгорони асосии сирояти ин беморӣ дар байни аҳолӣ мебошад. Ҳатто чанд бемор бо киҳо вориди мулоқот шудани худро пинҳон доштаанд, — иброз медорад вазири тандурустӣ.

Ба таъкиди Алишер Шодмонов баъзе беморон бо вуҷуди сироят шудан ба ин вирус ба ҳарфҳои пизишкон гӯш надодаанд. Онҳо ба халқу мамлакати худ хиёнат кардаанд. Яке аз ҳамин беморонро пизишкон ба дастгоҳи нафаси сунъӣ пайвастаанд.

Дар айни ҳол дар саросари Ӯзбекистон маҳдудиятҳои зиёд ҷорӣ шудаанд.

— Кори ягонае, ки ҳар як шаҳрванд бояд иҷро кунад, дар хона, назди аъзои хонаводаи худ мондани ӯ мебошад. Вай ба ин васила ҳам худро ва ҳам атрофиёнашро аз сироят шудан ба ин беморӣ нигоҳ медорад. Одамон ба қоидаҳои ҷоришуда бояд риоя кунанд, ҳамдигарро ба оғӯш накашанд ва ҳатто масофаро нигоҳ дошта, бо якдигар вориди суҳбат шаванд, — мегӯяд Алишер Шодмонов.

Дар ҳамин ҳол аз миёни ин теъдоди сироятшудагон саломатии беш аз сӣ нафари онҳо барқарор гардидааст ва онҳо ба хонаҳои худ баргаштаанд.

Ҳоло аксарияти корхонаҳо аз тариқи онлайн кор мекунанд. Бархе аз ташкилоту муассисаҳо кормандони худро ба рухсатии иҷбории пулакӣ ва бепул фиристодаанд. Аз ҷумла, рӯзномаи “Овози тоҷик” — нашрияи тоҷикии Олий Маҷлис ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамаи кормандони худро ба рухсатии пулакӣ равон кардааст, бо вуҷуди ин рӯзнома аз тариқи сомона як қатор маводу матолиби худро барои муштариён нашр мекунад.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here