5-уми апрел президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев вазири корҳои хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зарифро ба ҳузур пазируфт, ки бо сафари корӣ ба Тошканд омадааст. Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Ӯзбекистон хабар дод.

Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо вазъияти муносибот дар самтҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, нақлиётӣ-коммуникатсионӣ, инвеститсионӣ, фарҳангӣ-гуманитарӣ ва дурнамои онро баррасӣ карданд.

Президент Мирзиёев бо қаноатмандӣ қайд кардааст, ки шароити басо мураккаб ва мушкилзои дунёгиршавии короно ба муносиботи ду кишвар чандон таъсири манфӣ ба бор наовардааст ва ин ҳамкориҳо мунтазам рушд менамоянд.

Муҳаммад Ҷавод Зариф дар навбати худ ба президенти Ӯзбекистон барои пазироии самимӣ ибрози сипос намуда, паёму таманниёти раисиҷумҳури кишвари худ — Ҳасани Руҳониро ба  ӯ расонидааст.

Дар ҷараёни мулоқот ба масъалаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ, ривоҷи робитаҳои савдо ва татбиқи лоиҳаҳо дар бахши кооператсия таваҷҷӯҳи хос дода шудааст.

Аҳамияти таҳкиму тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия, аз ҷумла истифодаи самараноки бандарҳои баҳрии Эрон ва рушди долони нақлиётии Ӯзбекистон-Туркманистон-Эрон-Уммон дар ин мулоқот қайд карда шудааст.

Ҳамчунин ҷанбаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавии мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн, аз ҷумла масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ ва пешрафти раванди сулҳу субот дар Афғонистон низ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Вазири хориҷаи Эрон талошҳои Ӯзбекистонро барои мусоидат ба музокироти сулҳ дар Афғонистон ва ҷалби ин кишвар ба ҳамкориҳои минтақавии тиҷоративу иқтисодӣ хеле муҳим ва созанда арзёбӣ кардааст.

Дар ҷараёни ташрифи Муҳаммад Ҷавод Зариф ба Тошканд вай бо Вазири хориҷаи Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов низ дидору гуфтугӯ анҷом додааст.

Дар ҷараёни он ҷонибҳо масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои байниминтақавии нақлиётӣ-луҷистикиро низ муҳокима кардаанд. Интизор меравад, ин музокирот ба афзоиши ҳаҷми савдои тарафайн ва тавсеаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ хеле мусоидат хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, зимнан ҷониби Эрон ҳавасмандии худро барои ширкат дар Конфаронси байналмилалии сатҳи баланди “Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: Робитаи минтақавӣ. Мушкилот ва имкониятҳо”  баён кардааст. Ин конфаронс дар шаҳри Тошканд баргузор хоҳад шуд.

Вазири хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф шоми 5 апрел ба қасди идомаи сафар ва боздид аз кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ шаҳри Тошкандро тарк кардааст.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here