Бахтиёр Назиров аз зумраи кулолони маъруф ва машҳури шаҳри бостонии Риштон мебошад. Дар ҳавлие, ки вай бо оилааш зиндагӣ мекунад,  корхонаи кулолгариаш низ ҳаст. Аз боздиди ҳавлии Бахтиёр Назиров дарёфтем, ки деворҳои пешайвони дароз ва девори чаҳор тарафи ҳавлиашро бо маҳсулоти гуногуни кулолгариаш  оро додааст.

Дар як тарафи ҳавлӣ хуми калон меистод. Ба гуфтаи Бахтиёр Назиров ин хуми сафолин ду аср муқаддам сохта шудааст ва сад литр обро дар худ гунҷоиш медиҳад. Он ба сифати ашё як тарафи ҳавлиашро зеб медиҳад. Дар як тарафи ҳавлӣ хумҳои майда ва кӯзаҳои гуногунсохти сафолин   чида шудаанд. Ин ашёҳо низ ба ҳар як меҳмони хонаводаи Бахтиёр завқу шавқ мебахшиданд.

Бахтиёр Назиров дар як гӯшаи ҳавлиаш барои меҳмононе утоқҳои алоҳида сохтааст, ки як-ду шаб ё муддати бештар ин ҷо маскан гузида метавонанд. Вақти боздид шоҳид шудем, ки ин бор меҳмони ҳавлӣ-меҳмонхонаи Бахтиёр Назиров  сокини шаҳри Аниси Фаронса Эмма Фрола мебошад. Вай барои омӯхтани асрори ҳунари қадимии кулолгарӣ ба шаҳри Риштон ташриф овардааст. Маълум шуд, ки Эмма дар риштаи санъати амалии донишгоҳи Анси таҳсил мекунад. Вай тасмим гирифтааст, ки давраи амалиёт ё таҷрибаомӯзиро маҳз дар ин шаҳри қадимӣ сипарӣ хоҳад кард. Барои иҷрои ин мақсади худ ба шаҳри Риштони вилояти Фарғона ташриф овардааст.

-Огоҳам, ки Риштон аз шаҳрҳои қадимии ҳунари кулолгарии Осиёи Марказӣ муаррифӣ шудааст. Дар ин ҷо мактаби хоси кулолгарӣ вуҷуд дорад, ки мавриди таваҷҷӯҳи ман қарор гирифт. Аз ин рӯ, барои сипарӣ кардани марҳилаи аввали омӯзишии худ шаҳри Риштонро интихоб кардам. Кулоли маъруф Бахтиёр Назиров маро ба ҳузур пазируфт ва бароям ҷоҳу ҷалол низ дод,-мегӯяд Эмма Фрола.

Ба гуфтаи ин меҳмони хориҷӣ нусхаи нодири зарфҳои кулолии Риштонро дар Фаронса пайдо кардан амри муҳол аст. Маҳз барои ҳамин ҳоло ӯ бо иштиёқи том ба давраи аввали омӯзишии худ пардохтааст ва ҷои зисташ низ барои сипарӣ кардани ин марҳилаи барояш басо муҳим хеле мусоидат менамояд.

 -Ман давраи амалиёти худро танҳо бо Риштон иктифоъ карданӣ нестам. Як моҳ ин ҷо сирру асрори кулолони риштониро меомӯзам ва баъд ба минтақаи дигари Ӯзбекистон-шаҳри Бухоро меравам. Ин шаҳрро тамошо мекунам ва озими Ғиждувон мешавам. Он ҷо низ як моҳ хоҳам монд. Чунки маҳсули дасти кулолони ғиждувонӣ низ дар Аврупо маъруф мебошад,-иброз дошт Эмма Фрола.

-Мизбон чи тавр аз шумо пазироӣ мекунад?-пурсидем аз Эмма Фрола.

-Чунин пазироӣ ва меҳмондорӣ барои мо-аврупоиён хеле шавқангез аст. Ман хушҳолам, ки маро хеле хуб пазируфтанд. Ошноӣ бо кулоли маъруф Бахтиёр Назиров мусоидат хоҳад кард, ки давраи амалиётам дар Риштон хуб сипарӣ шавад. Ҳоло дар меҳмонхонаи ӯ маскан гузидаам. Ин ҷо мебинам, ки ҳавлӣ ва корхонаи кулолгарӣ дар як ҷо воқеъ гаштааст. Агар кас хоста бошад, истироҳат мекунад, хоста бошад, машғули амалиёт мешавад,-мегӯяд Эмма Фролаи фаронсавӣ.

-Ман ба ин таҷрибаомӯз фаҳмондам, ки пешаи кулолгарӣ кори содаву осон нест. Он сабру тоқат ва таҳаммули зиёдро тақозо менамояд. Аммо мебинам, ки ин духтар хеле ҷуръатнок аст ва ягон соати худро ройгон ба харҷ намедиҳад,-бо шавқ мегӯяд Бахтиёр Назиров.

Дар бораи ин кулоли риштонӣ ба муштариёни “Фараж” ҳаминро гуфтан ҷоиз аст, ки ҳанӯз дар дувоздаҳсолагӣ ба яке аз кулолони забардаст-Усто-Эгамбердии риштонӣ шогирд афтодааст. Тавре ки вай ёдовар шуд, он ҷо бо ду-се нафари дигар ҷӯраҳои худ, ки аз маҳаллаи ҳамсоя буданд, лойро лагад карда мепазонданд. Ин кор ба онҳо шавқу завқ мебахшид. Баъди тайёр шудани лой медиданд, ки бобои Усто-Эгамбердӣ дастгоҳашро ба кор андохта, зарфҳои гуногун месозад. Баъзан мефармуд, ки ба вай кас тақлид карда, сохтани зарфҳоро машқ кунанд.

-Он солҳо аксарияти риштониҳо пинҳонӣ дар хонаҳои худ ба сахтани зарфҳои кулолӣ машғул мешуданд. Сонӣ шӯравӣ пош хӯрд ва дар шаҳри Риштон низ соҳибкорӣ вусъат пайдо кард. Одамон корхонаҳои кулолгарӣ сохта, зарфҳои гуногун истеҳсол мекардагӣ шуданд. Аҳли ин ҳунар касби ниёконии худро давом медиҳанд ва фарзандону наберагони худро бо нозукиҳои ин касб ошно мекунанд,-мегӯяд Бахтиёр Назиров. 

Дар мавриди устои маъруф шудани ӯ саҳми устоёни намоёни риштонӣ-шодравонҳо Алиҷон Исоқов ва Қодиралӣ Полвонов, ҳамчунин Устои халқии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Иброҳимҷон Комилов, Музаффар Саидов ва Юлдошалӣ Полвонов низ хеле калон аст. Ин маъниро аз суҳбати муқаддамотӣ бо Бахтиёр Назиров дарёфтем.

Ба гуфтаи ӯ то соли 2012 бо тарзи гуногун машғули кор шудааст. Аммо баъд тасмими   гирифтааст, ки корхонаи хусусии худро ташкил кунад ва ҷиддан ба сохтани зарфҳои кулолӣ шуғл варзад. Аммо барои сохтани зарфҳои хубу арзишашон баланд ишқори махсус лозим будааст. Ӯ бо бародараш-Алишер  рустании ин ишқорро пайдо карда ба хона овардаанд ва дар ҳарорати якуним ҳазор дараҷаи гармӣ тарро-тар сӯзонида, хокистарашро ҷудо карда гирифтанд.

Вай боз тавзеҳ дод, ки истифодаи хокистари ин ишқори рустанӣ нархи ҳар як зарфро ба чанд карат боло мебарад. Ба гуфтаи ин ҳунарманди риштонӣ табақ ё зарфе, ки рӯи он ҳамин ишқор давонида шудааст, нархи ин маҳсулотро ба чанд карат боло мебарад.

-Як дона чунин зарфи сафолиро дар ивази 250-300 доллари ИМА фурӯхтан мумкин аст. Бо ин миқдор пул метавон бештар аз 300 дона косаву пиёла ё табақчаҳои сафолине харид, ки рӯяшон оддиякак рангубор  ва гулкорӣ карда шудааст. Аммо онҳое, ки аз ҳунари кулолгарӣ кабу беш огоҳанд, медонанд, ки ишқори рустанӣ чӣ чиз аст ва барои баланд шудани арзиши зарфҳо чи қадар нақши муҳим мебозад,-иброз дошт Бахтиёр Назиров.

Завҷаи ӯ-Ризқинисо техникуми политехникиро хатм кардааст. Соли 1983 боҳам издивоҷ намудаанд. Вай аз ӯзбектаборони шаҳри Риштон мебошад, вале дар хона ба забони тоҷикӣ ҳарф мезанад. Ризқинисо чанд муддат дар лабораторияи корхонаи бофандагии шаҳри Риштон машғул шуда, ҳоло ба корҳои шавҳараш  кумак мерасонад. Онҳо соҳиби чаҳор фарзанд-се писару як духтар мебошанд.

Писари калонӣ-Дониёрҷон бо оилааш дар Япония кору зиндагӣ мекунад. Вай донандаи шаш забони дунё будааст. Дониёр дар як озмун ширкат карда, соҳиби грант шудааст. Магистратураро дар донишгоҳи Скубаи ин кишвар хатм кардааст. Устодонаш пешниҳод кардаанд, ки Дониёр фаъолияташро дар ҷои таҳсилкардааш идома диҳад. Ҳоло дувоздаҳ сол боз ӯ бо зану фарзандонаш дар Япония кору зиндагӣ мекунад.

Ду писари Бахтиёр ба соҳибкорӣ машғуланд.  Духтари ягонаи ӯ-Ойдиной дар гурӯҳи тоҷикии факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Фарғона таҳсил мекунад. Вай соли оянда ин донишгоҳро хатм мекунад. Ойдиной мегӯяд, ҳифзу ривоҷ додани забони ноби тоҷикӣ аз аввалин вазифаҳоест, ки вай барин ҷавонон бояд бар дӯш дошта бошанд.

-Дар шаҳри Риштон сол аз сол теъдоди гӯяндагони забони тоҷикӣ коҳиш мебинад. Вақти он расидааст, ки дар ин кори заҳматталаб дасту остин барзанем ва тавассути кушодани синфҳои тоҷикӣ ин забонро дар шаҳрамон рушду ривоҷ диҳем,-мегӯяд Ойдиной Назирова.

Вай афзуд, ки ба наздикӣ дар ин шаҳр “Кохи дӯстии тоҷик-ӯзбек” арзи вуҷуд намуд. Дар ин кохи дӯстӣ як гурӯҳ ҷавонон машғули тамрину омӯзиши забони тоҷикӣ, ҳунари кулолгарӣ ва касбу корҳои дигар ҳастанд. Ойдиной мегӯяд, ки дар ояндаи наздик кохи дӯстӣ ба ҷои дӯстдоштаи ҷавонони зиёди риштонӣ табдил хоҳад ёфт.

Дар оилаи Назировҳо танҳо Бахтиёр ба кулолгарӣ машғул нест. Сулолаи кулолгарии онҳоро бародараш-Алишер раҳнамоӣ мекунад.

-Бародарам дар сину сол аз ман бузургтар аст. Ӯ намояндаи аввалини сулолаи кулолони хонаводаамон маҳсуб меёбад. Алишер соли 1994 дар Япония низ такмили касб намудааст ва дар назди устои мактаби шаҳри Кутании ин кишвар Исокичи Асакура бештар аз 80 намуди маҳсулоти кулолӣ офаридааст. Дар Япония чандин бор намоишгоҳи кулолонро ташкил намудааст,-гуфт Бахтиёр Назиров.

Як тарафи ҳавлии ӯ бо девор иҳота гирифта шудааст. Агар даричаи даро-баро насб набошад, кас гумон мекунад, ки он ҳавлии ҳамсоя аст. Дар ин қисми ҳавлӣ чанд утоқ хидмати коргоҳро анҷом медиҳад. Дастгоҳи сафолгарӣ, ҷои хушккунии зарфҳо, кӯраҳои пухтани маҳсулотро дида  дарк кардан мумкин аст, ки то ба дасти муштарӣ расидани як зарфи кулолӣ чӣ қадар меҳнат ва вақт сарф мешавад.

Бахтиёр Назиров намунае аз табақҳоро ба даст гирифт ва гуфт, ки барои анҷоми кори ин гуна зарфу табақҳо баъзан як ҳафта сипарӣ мешавад. Ба таъкиди ӯ чунин зарфу табақҳо дар хазинаи корхонааш ангуштшумор мебошад. Меҳмононе, ки аз мамолики хориҷӣ меоянд, мухлису муштарии ҳамин гуна зарфҳои сафолини хушсохтанд.

Дарҳақиқат, дурахшу ҷилои он шаҳодат медиҳад, ки кулолгар барои сохтани он вақту меҳнати зиёд сарф намудааст.

 -Мо баъзе ҷиҳатҳои корамонро ифшо намекунем ва ин сирри ҳамешагии мо, кулолони риштонист,-бо табассум арз кард Бахтиёр Назиров.

Тавре ки вай тазаккур дод, дунё пеш меравад, тараққӣ мекунад. Аҳли ҳунари кулолгарӣ низ аз ин раванд набояд ақиб монанд. Маълум шуд, ки ба ҳавлии ӯ аз мамлакатҳои гуногун борҳо меҳмонҳо омада рафтаанд.

-Онҳо баъзан соатҳо нишаста кори маро тамошо мекунанд. Баъзан барояшон мастер-класс ё машғулияти омӯзишӣ мегузаронам. Лозим меояд, ки онҳо ҳамин ҷо шабро рӯз кунанд. Дар ин давраи пандемия теъдоди чунин меҳмонон  хеле кам шуд, вале боз шароит мусоидат хоҳад кард, ки ин равуоҳо аз сар гирифта шаванд. Дар айни ҳол аз ташрифи Эмма Фролаи фаронсавӣ хеле хушҳол шудам.  Ба Эмма сохтани зарфҳои кулолӣ ва кашидани нақши рӯи онро ёд медиҳам,-мегӯяд кулоли риштонӣ Бахтиёр Назиров.

Ногуфта намонад, ки дар ин шаҳр иддае аз кулолони маъруфу машҳур машғули кору зиндагӣ мебошанд, ки  мисли Бахтиёр Назиров шӯҳрати шаҳри Риштонро ба чаҳор гӯшаи олам муаррифӣ мекунанд.

 

Мирасрор АҲРОРОВ,

хабарнигори “Фараж”.

Тошканд-Риштон-Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here