16-17 январ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои Ӯзбекистон интихоботи сенаторони Палатаи болоии парлумон баргузор гардид. Аз ҳар вилоят шашнафарӣ намояндагони палатаи болоии парлумон интихоб карда шуданд. 16 сенатрро Президент Шавкат Мирзиёев тайин мекунад.
Гуфта мешавад, ки аз 84 нафар сенатори интихобшуда 38 нафарро намояндагони Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон, 22 нафарро намояндагони Ҳизби халқӣ-демократӣ, 11 нафарро вакилони ҳизби демократии “Эҳёи миллӣ”, 5 нафарро намояндагони Ҳизби сотсиал-демократи “Адолат” ва ду нафарро намояндагони Ҳизби экологии Ӯзбекистон ташкил мекунанд.
23 нафари аъзои сенат аз занҳо иборатанд. Аз рӯи мансубияти миллӣ 77 нафар-ӯзбекҳо, 3 нафар қароқалпокҳо, 2 нафар тоҷикон ва якнафарӣ қирғизу рус курсиҳои сенатро ишғол хоҳанд кард.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд