Президент Шавкат Мирзиёев ба коҳиши камбизоатӣ роҳандозии соҳибкориро яке аз омилҳои муҳими рафъи мушкилоти иқтисодӣ дар кишвараш арзёбӣ кард. Ба гуфти ӯ пуштибонӣ аз соҳибкорӣ ва таъмини сафи бекорон ба ҷои шуғл дар ҳамаи манотиқи Ӯзбекистон бояд аз вазифаҳои аввалдараҷаи роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо қарор гиранд, зеро танҳо бо истифода аз чунин роҳу усул метавон дар ин шароити мураккаби иқтисодӣ ба коҳиши камбазоатӣ ва таъмин ба ҷои кор муваффақ шуд.

Вай гуфт, бархе аз ҳокимони ноҳияҳо ба вусъати соҳибкорӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави кор аз паси панҷа менигаранд. Барои ҳамин Шавкат Мирзиёев ҳокимони ноҳияҳои Бухоро ва Ҷондори вилояти Бухоро ва ноҳияи Сирдарёро аз мансабҳояшон сабукдӯш кард. Ҳокимони ноҳияҳои Ёзёвони вилояти Фарғона, Учтепаи шаҳри Тошканд, Шофиркони вилояти Бухоро ва Бекободи вилояти Тошканд барои чунин хунукназарӣ нисбати коҳиши камбизоатӣ ва камбудиҳо дар  фароҳам овардани ҷойҳои нави кор шадидан интиқод гардиданд.

Дар ин кишвар ҳукумати марказӣ ва маҳаллӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳо барои рушди соҳибкорӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави кор мусоидат мекунанд, аз буҷа ва захираҳои дигари молӣ маблағҳои лозим ихтисос медиҳанд, то ки дар ин шароити вазнини ҷаҳонгир шудани коронавирус мардумро аз бумбаст раҳо кунанд.

— Вусъати соҳибкорӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави кор барои таъмини теъдоди зиёди бекорон, ки дар ин давраи сирояти вирус беш аз пеш афзоиш ёфтааст, аз вазифаҳои аввалдараҷаи роҳбарон маҳсуб меёбад. Маҳз бо роҳи ривоҷ додани соҳибкорӣ вилояти Сирдарё дувоздаҳ ҳазор ҷои нави кори доимӣ фароҳам овардааст, — гуфт президенти Ӯзбекистон.

Ба таъкиди Шавкат Мирзиёев дар вилоятҳои Қашқадарё ва Навоӣ низ натиҷаҳои кори ҳокимон хеле назаррас мебошад, аммо роҳбарони як қатор шаҳру ноҳияҳо ҳанӯз аз хоби ғафлат бедор нашудаанд ва сару калобаи корашонро дуруст муайян накардаанд.

— Мо барои рушди соҳибкории оилавӣ чаҳор триллион сӯм ҷудо кардем. Дар баробари ин, дастур додем, ки аз бонкҳо қарзҳои имтиёзнок ҷудо кардаву ба хоҳишмандон диҳанд. Маблағи умумии он бештар аз панҷ триллион сӯмро ташкил мекунад. Аз ин ҳисоб дар як қатор шаҳру ноҳияҳо хеле самаранок истифода бурданд ва ҳазорҳо ҷои нави кор фароҳам оварданд, — зикр кард раисиҷумҳур Шавкат Мирзиёев.

Дар Ӯзбекистон татбиқи лоиҳаҳои зиёд дар мадди назар гирифта шудаанд ва барои амалӣ кардани он маблағҳои зиёд лозиманд. Ба гуфтаи Шавкат Мирзиёев дар айни замон як триллион сӯм қарзҳои имтиёзноки бонкӣ маҳз ба татбиқи ин лоиҳаҳо нигаронида шудаанд.

Ӯзбекистон талош ба харҷ медиҳад, ки занҳо низ ҳарчӣ бештар ба соҳибкорӣ рӯй оваранд. Ҷаноби Мирзиёев аз Бонки халқӣ, Микрокредитбанк ва Агробанки кишвараш тақозо кард, ки аз роҳи ташкили курсҳои омӯзишӣ занону духтаронро ба соҳибкорӣ ҷалб кунанд, ба онҳо қарзҳои имтиёзнок диҳанд.

Дар даҳ моҳи соли равон 78 ҳазор корхонаи хурд арзи вуҷуд намуда, ба ин васила ҳазорҳо ҷойи нави кор фароҳам оварда шудаанд. 96 ҳазор корхона, ки ба далели сирояти коронавирус фаъолияти худро мутаваққиф кардаанд, дубора ба фаъолият оғозиданд.

Тавре Шавкат Мирзиёев мегӯяд, барои роҳандозии соҳибкорӣ ҷалби сармояҳо омили хеле муҳим шумурда мешавад. Тибқи барномаи инвеститсионӣ барои 22 ноҳияи ақибмондаи ин кишвар ҳукумат ҷудо кардани 264 миллиард сӯмро ба нақша гирифтааст.

Гуфта мешавад, сар аз соли 2021 фаъолияти ҳар ҳокими вилоят ва шаҳру ноҳияҳо аз рӯи натиҷаҳои рушди соҳибкорӣ арзёбӣ мегардад. Дар сурати ақибмондагӣ онҳо аз вазифа сабукдӯш хоҳанд шуд.

Ногуфта намонад, ки дар соири вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон гурӯҳҳои хоси корӣ таъсис ёфтаанд.  Аъзои ин гурӯҳҳо муваззаф шудаанд, ки вазъи молӣ ва талабу эҳтиёҷи аъзои ҳар оиларо омӯзанд ва бар ҳамин асос теъдоди оилаҳои камбизоатро муайян ва феҳрасти онҳоро тартиб диҳанд.

Ин феҳраст се самтро дар бар мегирад. Хонаводаҳои камбизоат ба “Дафтари оҳанин”, занону духтароне, ки мехоҳанд ягон самти соҳибкориро ба роҳ андозанд, ба “Дафтари занон” ва ҷавононе, ки ба кор таъмин нашудаанд, ба “Дафтари ҷавонон” шомил карда шуданд.

Мувофиқи омори расмӣ то ин давраи соли равон талабу дархости даҳҳо ҳазор оилаи камбизоат, ҳазорҳо зану ҷавон иҷро карда шудааст. Ба ин далел ин хонаводаҳо, занону ҷавонон аз феҳрасти “Дафтари оҳанин”, “Дафтари занон” ва “Дафтари ҷавонон” хориҷ гардиданд. Ин яке аз усулҳои нави коҳиш додани камбизоатӣ, таъмини бекорон ба ҷойи кор ва баровардани орзуву ормонҳои мардум дар ин кишвар мебошад.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here