1-уми сентябр Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад. 29 сол мешавад, ки мардуми ин сарзамин ҳар сол дар ин рӯз соҳибистиқлол шудани кишвари худро таҷлил мекунанд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти президенти Ӯзбекистон аллакай аз номи раисони ҷумҳуриҳои кишварҳои ҷаҳон ба унвони президент Шавкат Мирзиёев ва мардуми он шодбошиҳо расидаанд ва муборакбодиҳо идома доранд.
Дар байни ин шодбошиҳо яке аз аввалинҳо шуда президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамтои худ Шавкат Мирзиёевро ба муносибати 29-солагии истиқлолият табрик ва таҳният намудааст.
Дар як маросими мутантан, ки ба шарафи иди истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд, президент Шавкат Мирзиёев иштирок ва суханронӣ кард.
Вай дар ҷараёни суханронӣ перомуни дастовардҳои чор соли охир ва мушкилоти мавҷуда ба таври возеҳ маълумот дод. Ба гуфтаи Шавкат Мирзиёев мамлакат дар пеширӯи ҳалли ду масъала истодааст: ҳифзи саломатии мардум ва барқарор кардани иқтисодиёти он.
— Дар чунин вазъияти муташанниҷ ҳалли ҳамин ду масъала барои мо аз масъалаҳои хеле муҳим маҳсуб меёбанд, — гуфт Шавкат Мирзиёев.
Раисиҷумҳури Ӯзбекистон бо таассуф қайд уард, ки барои соли 2020 нақшаҳои зиёд кашида буданд, вале пайдо шудани коронавирус ва бӯҳрони амиқи иқтисодӣ, аз ҷумла, ҳодисаҳои табиӣ дар Бухоро ва кандашавии пеши об дар вилояти Сирдарё барои давлат ва мардуми Ӯзбекистон санҷишҳои ҷиддиро эҷод карданд.
— Бо вуҷуди ин мардуми заҳматкашу обутобёфтаи мо ба ваҳдат омаданд ва мо тавонистем, ки ин санҷишҳои ҷиддиро бурдборона паси сар намоем, — иброз дошт Шавкат Мирзиёев.
Ба таъкиди ӯ дар ин давраи мушкилзо кормандони сиҳати оммаи кишвараш ҷонбозиҳо мекунанд ва ба дарди мардум дармон мебахшанд.
— Коронавирус барои кормандони ин соҳаи муҳим низ санҷиши ҷиддӣ ва мактаби таҷрибаомӯзии бухург мешавад. Дар ин шаш моҳи охир мо барои рафъи ин беморӣ корҳои зиёдеро пиёда кардем, — гуфт сарвари давлати Ӯзбекистон.
Президент Шавкат Мирзиёев дар поёни суханронӣ бори дигар мардуми кишварашро бо 29-умин солгари истиқлолият шодбош гуфт.
Маҷлиси мутантан бо консерти дастаҳои ҳунарӣ ба охир расид.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд