Аъзои раёсати Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ҷумҳурии Ӯзбекистон бори охир гирдиҳам омаданд. Онҳо масъалаҳои таъйини рӯзи баргузории ҷамъомади ҳисоботӣ-интихоботӣ ва тасдиқи номзадҳои ба мақоми раиси ин марказ пешбаришударо баррасӣ карданд.

Ба ин тартиб 20 феврали соли равон бо ширкати вакилоне, ки аз шаҳру вилоятҳо интихоб шудаанд, ҷамъомади ҳисоботӣ-интихоботии маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон баргузор хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки раиси пешини он шоир ва олими файласуф Ҷаъфари Муҳаммад Холмӯъминов ба истеъфо рафт. Курсии ӯро то баргузории конфаронси умумитоҷикони ин кишвар ноиби аввал Гуландом Субҳонова ишғол намуд.

Аъзои раёсат номзадии панҷ нафарро муҳокима намуданд, ки рӯзи конфаронс барномаҳои худро ба аҳли он баён медоранд. Баъд аз тариқи ошкоро ё пинҳонӣ вакилони шаҳру ноҳияҳо ба тарафдории яке аз номзадҳои дилхоҳи худ овоз хоҳанд дод.

Дар айни ҳол ба ин мақом номзадии Гуландом Субҳонова, Ризқиддин Эсанбоев, Аҳмад Назар, Шоқаҳҳор Салимов ва Амина Шарофиддинова пешбарӣ шудааст. Чаҳор нафари номзадҳои пешбаришуда аз ҷумлаи аъзои раёсати Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон мебошанд.

Ин ҷамъомади охирини аъзои раёсат буд, ки дар радифи 11 нафар дар таркиби маркази тоҷикон бештар аз ду сол фаъолият намуданд.  Теъдод ва номҳои вакилони шаҳру вилоятҳо низ муайян гардид. Дар конфаронси ҳисоботӣ-интихоботӣ 125 нафар ширкат хоҳанд кард.

Як гурӯҳ аҳли фарҳанги тоҷики муқими Ӯзбекистон бар ин ақида буданд, ки Ҷаъфари Муҳаммад шояд аз меъёр бештар ҳаққу ҳуқуқи тоҷикони кишварашро талаб кард. Ин талаби ӯ ба мақомоти раҳбарии Кумитаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робитаҳои дӯстӣ бо кишварҳои хориҷии назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикон низ ба он шомил аст, чандон хуш наомад ва вай маҷбур шуд, ки ба истеъфо биравад.

Аммо гурӯҳи дигар бар ин ақида устуворанд, ки Ҷаъфари Муҳаммад ба ҷои он ки тоҷикони Ҷумҳурии Ӯзбекистонро муттаҳид намояд, баръакс онҳоро рӯ ба парокандагӣ овард.

Гузашта аз ин,  чанд одати бади ӯ, аз ҷумла, манманӣ ва майхорагӣ боис гардид, ки ӯ дигаронро таҳқир кунад ва ҳатто ба миллати худ гапҳои носазо гӯяд.

— Дарвоқеъ, Ҷаъфари Муҳаммад агар май нӯшад, худро гум мекунад ва ҳарфҳои аз даҳон баромадаашро контрол карда наметавонад, — мегӯяд узви раёсат ва номзад ба мақоми раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон шоир Аҳмад Назар.

Агар ба давраҳои аввали интихоб ва шурӯъи фаъолияти аъзои нави раёсати ин марказ таҳти раҳбарии Ҷаъфари Муҳаммад назар андозем, ки бештар аз ду сол фаъолият намуд, мебинем, ки чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ пиёда кардаанд.

Баъди барпо шудани маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ раиси он Ҷаъфари Муҳаммад бо 20 нафар аъзои раёсат вазифаҳоро байни худ тақсим карданд.  Онҳо намояндагони соҳаҳои гуногун — омӯзгор, олим, журналист, иқтисоддон, ҳуқуқшунос, овозхон, варзишгар,  кишоварз, корманди собиқи корҳои дохилӣ ва амсоли он буданд.

Дар ҳар бахш як ё дунафарӣ масъул тайин гардид ва сарпарасти ҳар бахш мувофиқи нақшаи умумӣ, ки баъдан аъзои рёсат онро ба тасвиб расониданд, фаъолияташро ба роҳ монд.

Нигорандаи ин сатрҳо дар тӯли бештар аз ду сол ба ҳайси масъули дафтари матбуоти Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ҷумҳурии Ӯзбекистон фаъолият мекунад. Аз рӯзҳои аввал  бо сарварии Ҷаъфари Муҳаммад баргузории чанд чорабиниҳои фарҳангӣ барномарезӣ шуд ва дар дастаҷамъӣ ҳама ҷаҳду талош карданд, ки ин чорабиниҳо дар сатҳи баланд ба вуқӯъ пайванданд. Муҳтавои он ба шакли оперативӣ дар рӯзномаи “Овози тоҷик” (Тошканд), “Имрӯзнюс” ва “Фараж”(ҳарду нашрияи Тоҷикистон), ҳамчунин шабакаҳои интернетӣ ба таври фаврӣ ба нашр мерасид.

Баъд вируси куруно пахш гардид ва аъзои раёсат низ тақрибан нӯҳ-даҳ моҳ маҳфилҳои фарҳангӣ барпо накарданд. Ҳамчунин, кору нақшаҳои ба вилоятҳо рафтану аз зиндагиву кори мардуми тоҷиктабор хабар гирифтани раиси марказ ва аъзои раёсат низ бидуни иҷро монд.

Гуфта мешавад, кушодани синфҳои тоҷикӣ дар соири шаҳру ноҳияҳои тоҷикнишин, чопи китобҳои адибони тоҷики муқими ин кишвар, ба мукофотҳо пешбарӣ намудани фаъолони соҳаҳои гуногун ва амсоли он аз вазифаҳое мебошанд, ки марказ метавонад дар мавриди он нақши муассир бибозад.

Дар конфаронси қарибулвуқуи ҳисоботӣ-интихоботии Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ҷумҳурии Ӯзбекистон як гурӯҳ собиқадорони ин марказ низ даъват карда шуданд. Онҳо дар давраҳои гуногун ба ҳайси раис ва фаъолони маркази фарҳангӣ фаъолият кардаанд.

Интизор меравад, ки вакилони конфаронси ҳисоботӣ-интихоботӣ ғайр аз он ки раис ва аъзои нави раёсатро интихоб мекунанд, ҳамчунин Ойинномаи марказро низ ба тасвиб хоханд расонд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here