Дар шаҳри Тошканд ҷамъомади аъзои раёсати Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд. Дар он масъалаи истеъфои Ҷаъфари Муҳаммад аз мақоми раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикон баррасӣ гардид.

Баъди муҳокимаҳои зиёд аъзои раёсат истеъфои Ҷаъфари Муҳаммадро пазируфтанд. Ба ҷои ӯ муваққатан, яъне то баргузории конфронси ғайринавбатии Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон узви ҳамин раёсат ва ноиби аввали раис Гуландом Субҳонова ба мақоми иҷрокунандаи вазифаи раис интихоб карда шуд.

Шоир ва олими файласуф Ҷаъфари Муҳаммад бештар аз ду сол дар ин мақом вазифа анҷом дод. Вай устоди Донишгоҳи ховаршиносии Тошканд мебошад.

Интизор меравад, ки то охири моҳи феврали соли равон ҷамъомади навбатии Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор хоҳад шуд. Дар он вакилони шаҳру ноҳияҳои тоҷикнишини ҷумҳурӣ  раиси нави марказро интихоб мекунанд.

Дар ин ҷамъомад ҳамчунин ойинномаи Маркази миллӣ-фарҳангӣ низ, ки ба тозагӣ таҳия ва таълиф шудааст, ба тасвиб хоҳад расид ва баъдан ба Вазорати адлияи ҷумҳурӣ барои тасдиқ ироа хоҳад шуд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here