Президенти Қирғизистон Садир Ҷаборов 11 март бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Тошканд омад. Ӯро дар майдони байналмилалии ҳавоии ба номи Ислом Каримов нахуствазири Ӯзбекистон Абдулло Арипов истиқбол гирифт. Дар ин бора дафтари матбуоти раёсатиҷумҳури Ӯзбекистон хабар дод.
Гуфта мешавад, ки ин сафари давлатии президенти Қирғизистон ба Тошканд мувофиқи таклифи Шавкат Мирзиёев ба вуқӯъ пайваст.
Интизор меравад, ки зимни пазироии Садир Ҷаборов дар бӯстонсарои Кӯксарой Шавкат Мирзиёев бо ӯ масъалаҳои дӯстиву рафоқат, ҳамсоядории нек ва ҳамкории стратегиии Ӯзбекистону Қирғизистонро матраҳ хоҳад кард.
Дар мулоқоти сарварони ду давлати ҳамҷавор идома додани гуфтушунидҳои конструктивӣ дар масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, савдо, саноат, нақлиёт, барқ, кишоварзӣ ва обёрӣ, ҳамчунин ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, фаъолтар намудани робитаҳои байниминтақавии ду кишвар ва амсоли он барномарезӣ шудаанд.
Дар музокираҳои сатҳи олии ду кишвар дар амал татбиқ намудани барномаҳои муштараки марбут ба фарҳанг, сиҳати омма, омӯзишу парвариш ва туризм низ муҳокима карда хоҳанд шуд.
Субҳи 11 март дар доираи ташрифи давлатии президенти Қирғизистон Садир Ҷаборов ба Тошканд Бизнес-форуми доираҳои соҳибкории ду кишвар низ баргузор гардид.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд