Журналист Бобомурод Абдуллоев соҳиби хонаи сеутоқа гардид. Онро ба вай Президент Шавкат Мирзиёев тӯҳфа кард. Ин хона дар маҷмӯаи «Green Park»-и шаҳри Тошканд воқеъ гаштааст. 

Ба гуфтаи Бобомурод Абдуллев ин хона комилан бо ҷиҳози зарурӣ ва ашёи электронӣ муҷаҳҳаз мебошад.

— Ба ин хона 5 октябр кӯчидем. Модарам низ аз Хоразм ба Тошканд омаданд. Он кас аз дидани хонаи нави ман хеле хушҳол шуданд  ва ба раисиҷумҳур Шавкат Мирзиёев ибрози минатдорӣ карданд, — навиштааст Бобомурод Абдуллоев дар саҳифаи хусусии Фейсбуки худ.

Бобомурод Абдуллоев дар ҷойҳои гуногун кор кардааст. Ӯ чанд муддат дар бахши ӯзбекии радиои Озодӣ низ фаъолият намудааст. Бобомурод Абдуллоев шореҳи иқтисодии ин радио дар дафтари тошкандии радиои Озодӣ таъйин шуда буд. Вай ба шарҳу тафсирҳои ҳаққонии иқтисодӣ машғул мешуд.

Баъди муддате миёни Бобомурод Абдуллоев ва директори ҳамонвақтаи дафтари бахши ӯзбекии радиои Озодӣ дар Тошканд равоншод Азиз Ҷӯраев ихтилофи назар пайдо шуд. Маводи таҳиянамудаи ӯро, ки ҳақиқати ҳолро баррасӣ мекарданд, Азиз Ҷӯраев намепазируфт. Баъд Бобомурод Абдуллоев маҷбур шуд, ки радиоро тарк кунад ва ба ҳайси журналисти мустақил фаъолияташро идома диҳад.

Вай баъдан ба сифати шореҳи варзиш мақолаҳо таҳияву таълиф мекард, аммо  ӯро дар навиштани мақолаҳои танқидӣ гумонбар шуданд ва боздошт гардид. Вақте ки дар маҳбас буд, бо тақозоҳои зиёди ИМА, созмонҳои ҳуқуқи башар ва амсоли он Бобомурод Абдуллоев аз маҳбас озод карда шуд.

Вай 27 сентябри соли 2017 ба иттиҳоми он равонаи зиндон шуда буд, ки мегуфтанд, Бобомурод Абдуллоев зери номи мустаори Усмон Ҳақназаров барои сарнагун сохтани  сохти конститутсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон маводи даъваткунанда таълиф ва  пахш кардааст.

Соли 2018 худи ӯ эътирофкардааст, ки ин номи мустаори Усмон Ҳақназарро барои навиштани мақолаҳои танқидӣ истифода бурдааст, аммо мақолаҳоеро, ки ба сарнагун кардани сохти конститутсионии Ӯзбекистон даъват намудаанд, эътироф накардааст.

Бобомурод Абдуллоев моҳи майи соли 2018 аз толори суд ба озодӣ баромад. Гуфта мешавад, ки вай ба ҷои панҷ соли ҳабс барои якуним сол ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб карда мешавад.

Баъди ба озодӣ баромадан Бобомурод Абдуллоев чанд муддат дар шаҳри Тошканд машғули кору зиндагӣ шуд, вале бо тақозои тақдир ба хориҷа ҳиҷрат кард. Вай дар яке аз кишварҳои аврупоӣ ба сар мебурд. Ба гуфтаи модараш вақти дар Ватан будани Бобомурод ҳамеша мавриди таъқиб қарор мегирифт.

Бобомурод Абдуллоев зимни ташриф ба шаҳри Бишкеки Қирғизистон 10 августи соли равон аз тарафи кормандони умури интизомии ин кишвар мавриди боздошт қарор гирифтааст. Бо тақозои ҷониби Ӯзбекистон ӯ ба шаҳри Тошканд истирдод гардидааст. Ин дар ҳолест, ки созмонҳои зиёди ҳуқуқи башар аз мақомоти Бишкек талаб мекарданд, ки Бобомурод Абдуллоевро ба Тошканд истирдод накунанд.

Баъди истирдод ба Тошканд чанд муддат вай аз тарафи кормандони идораҳои амниятиву интизомӣ бозпурсӣ шуд. Ахиран 22 август бо забонхат ӯро аз боздоштгоҳ озод карданд.  Модари Бобомурод Абдуллоев — Гавҳархон Мадаминова ба унвони Президент Шавкат Мирзиёев номаи шикоятӣ ирсол намуд ва аз вай хост, ки ба таъқибу таҳқири писараш хотима дода шавад.

Дар ин миён нафаре бо номи мустаъори “Мергани сиёҳ” дар шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба Ӯзбекистон мақолаҳои танқидӣ нашр мекаруд. Бобомурод Абдуллоев гуфтааст, мақолаҳои ба ин номи мустаъор навишташуда ҳаргиз ба вай рабт надоранд.

Коршиносон мегӯянд, чунин ба назар мерасад, ки Президент Шавкат Мирзиёев дар муқобили журналисти ҳақиқатгӯй ва озодипараст Бобомурод Абдуллоев аз сиёсати башардӯстона кор гирифт ва ба ӯ хонаи сеутоқа тӯҳфа кард. Ба гуфтаи коршиносон чунин иқдоми раисиҷумҳури Ӯзбекистон намунае аз сиёсатҳои хирадмандонаи ӯ дар чаҳор соли охир мебошад.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here