Сардори шӯъбаи беҳдоштии ноҳияи Оқдарёи вилояти Самарқанд Х.Д. ба коронавирус сироят шудааст ва 34 нафари дигарро низ ба ин вирус сироят кунонидааст. Аз рӯи ин ҳодиса додситонии вилоят нисбати Х.Д. парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ намудааст ва вайро дар вайрон кардани қонунгузориҳои санитарӣ ва қоидаҳои эпидемиологӣ муттаҳам кардааст.

Гуфта мешавад, ки ин пизишк бо вуҷуди пайдошавии аломатҳои коронавирус дар ҷисму ҷони ӯ ба он аҳамият надодааст ва ба фаъолият идома додааст. Дар натиҷа ин беаҳамиятии ӯ мунҷар ба он шудааст, ки 34 нафар дар ин ноҳия ба бемории коронавирус сироят шаванд ва дар маҷмӯъ вазъияти эпидемилогии вилояти Самарқандро ба ташаннуҷ рӯ ба рӯ намоянд.

Як гурӯҳ ҳамтоёни Х.Д. аз Вазорати беҳдоштии ҷумҳурӣ ба ҳимояти вай бархостаанд ва аз Додситонии кулли кишварашон қатъи парвандаи нисбати ин пизишкро талаб кардаанд. Ба гуфтаи онҳо ҳамкорашон Х.Д. бидуни он ки аз сироятшавии худ ба коронавирус огоҳӣ дошта бошад, фаъолияташро идома додааст.

Додситонии вилояти Самарқанд гуфтааст, ин дар ҳолест, ки қонунгузориҳои Ӯзбекистон дар ҳама ҳолат риояи қонун ва қоидаҳои ҷоришударо барои ҳар як шаҳрванди он баробар арзёбӣ мекунанд. Дар ин ҳолат Х.Д. нисбати кору вазифа ва саломатии худ ва атрофиён саҳлангорӣ ва беэътиборӣ зоҳир кардааст.

Сухангӯи Вазорати беҳдоштии Ӯзбекистон Фурқат Санаев мегӯяд, ки Додситонии кул дар баробари муроҷиати кормандони вазорат вокуниши мусбат нишон дод ва қарор кард, ки парвандаи ҷиноӣ алайҳи Х.Д-ро қатъ намояд.

— Додситонии кул қарори одилона қабул кард ва ба садоқат ва заҳматҳои пизишкони кишвар дар ин шароити вазнин ва ногувор баҳои пуразиш дод, — изҳор кард Фурқат Санаев.

Ба таъкиди сухангӯи Вазорати беҳдоштии Ӯзбекистон ин иқдоми Додситонии кулли кишвараш муҳити созгореро дар миёни ҷамъи пизишкон халалдор намесозад, масъулияти онҳоро дар мубориза ба муқобили пахшу паҳншавии коронавирус афзоиш мебахшад.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати беҳдоштии Ӯзбекистон мегӯяд, ки теъдоди умумии сироятшудагони ин беморӣ дар ин кишвар 2802 нафар буда, аз ин шумор 2314 нафар наҷот дода шудаанд ва 13 нафар аз сирояти ин беморӣ фавтидаанд. Ҳоло 475 нафари боқимонда таҳти назорати пизишкон қарор доранд.

Мақомоти Идораи давлатии санитарӣ ва эпидемиологии Ӯзбекистон роҷеъ ба қоидаҳои интиқол ва дафни ҷасади ашхосе, ки аз ин вирус ҷон бохтаанд, тавзеҳ додаанд.  Гуфта мешавад, ки ҷасади ин ашхос ба пайвандони онҳо дода намешавад ва аз бемористон мустақиман ба қабристон интиқол меёбад.

— Ин иқдом мусоидат менамояд, ки аз сирояти одамони дигар ба коронавирус ҷилавгирӣ карда шавад, — мегӯяд сардори ин ниҳод Нурмат Отабеков.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here