Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев имрӯз ба парлумон паём мефиристад. Дар ин бора дафтари матбуоти раёсатиҷумҳури Ӯзбекистон хабар дод.

Гуфта мешавад, ки паём соати 11:00 ба вақти Тошканд ба маҷлис, ки дар он намояндагони Палатаи қонунгузор ва аъзои Сенати Олий Маҷлис, роҳбарони ташкилотҳои давлатӣ, намояндагони аҳли ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммавӣ ширкат мекунанд, ироа мешавад. Аммо президент паёми худро соати 8:40 оғоз кард.

Интизор меравад, ки муҳтавои паёми Шавкат Мирзиёев ба натиҷаҳои ба даст овардаи ин кишвар дар соли равон  бахшида хоҳад шуд ва он ба таври амиқ мавриди таҳлил қарор хоҳад гирифт.

Ҳамчунин, ҳадс зада мешавад, сарвари давлати Ӯзбекистон пешниҳодҳои хеле муҳимеро ҳангоми ироъаи паём дар миён хоҳад гузошт.

Ӯзбекистон дар доираи Барномаи давлатии “Соли  ривоҷи илму маърифат ва иқтисоди рақамӣ”, ки сипарӣ мешавад, корҳои азимро ба анҷом расонд.

Шавкат Мирзиёев бори аввал 24-уми январи соли 2020 паёми худро ба парлумони кишвараш ироа карду буд. Вай дар он паём ба тамоми соҳаҳои ҷомеаи кишвараш дахл кард. Ҳамзамон, парлумон ва ҳукуматро муваззаф солхт, ки мушкилоти мубрами иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва варзиширо ҳаллу фасл кунанд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here