Ҷаҳонгир Отаҷонов яке аз овозхонҳои шинохтаи Ӯзбекистон мебошад. Бо вуҷуди мухлисони зиёд доштан ва дар саҳнаи санъату ҳунари овозхонӣ соҳиби обрӯи хос пайдо кардан вай ба фаъолияти овозхонии худ хотима додааст.

Бино ба иттилои хабаргузориҳои мустақил Ҷаҳонгир Отаҷонов бо пахши як изҳорот эълом доштааст, ки дар интихоботи навбатии президентии Ӯзбекистон номзадиашро пешбарӣ мекунад.

Вай гуфтааст, ки борҳо дар ин бора ба таври шӯхӣ изҳор карда буд, ки президент мешавад, вале одам худ аз худ чунин шӯхӣ намекунад.

— Ман хоҳиши президент шудан дорам ва умедворам, ки президент мешавам, -гуфтааст Ҷаҳонгир Отаҷонов.

Маълум шуд, ки вай ҳоло дар хориҷ аз кишвар истироҳат мекунад. Баъди бозгашт ба Ӯзбекистон барои пешбарии номзадии худ тамоми талошҳоро ба харҷ хоҳад дод.

Хабаргузории Podrobno.uz навиштааст, ки Ҷаҳонгир Отаҷонов барои расидагӣ ба ҳадафҳояш оҳиста-оҳиста пеш меравад. Гуфта мешавад, дар саҳифаи хусусии Инстаграм вай навиштааст, ки яке аз гомҳои аввал дар ин самт таъсиси ҳизби сиёсӣ мебошад.

— Ман ба вазорати адлия рафтам, то ки ҳизби нави худро сабти ном кунам. Номи ин ҳизб “Манфиатҳои мардум” мебошад, — гуфтааст Ҷаҳонгир Отаҷонов.

Тибқи хабарҳо вай аз президент Шавкат Мирзиёев хоҳиш кардааст, ки вайро ҳоким таъйин кунад, то собит намояд, ки ин талошҳои ӯ беҳуда намебошанд.

Ёдовар мешавем, ки масъалаи таъйини баргузории рӯзи интихоботи президентӣ дар парлумони Ӯзбекистон матраҳ мешавад. Палатаи қонунгузори парлумони ин кишвар пешниҳод кардааст, ки интихоботи президентӣ аз моҳи декабр ба даҳаи сеюми моҳи октябри соли 2021 кӯчонида шавад.

Тибқи қонунгузориҳои Ӯзбекистон интихоботи президентӣ якшанбеи аввали моҳи декабр муқаррар шудааст, аммо агар тағйирот ба Қонуни интихобот пазируфта шавад, он гоҳ дар Ӯзбекистон 24 октябри соли 2021 интихоботи президентӣ баргузор хоҳад шуд.

Интизор меравад, ки маъракаи омодагириҳо барои ишғоли мақоми президентӣ  1 марти соли равон шурӯъ хоҳад шуд.

Коршиносон дар бораи пешбарии номзади Ҷаҳонгир Отаҷонов ба мақоми президентӣ ягон вокуниш нишон намедиҳанд. Гуфта мешавад, шояд таъсиси ҳизби “Манфиатҳои мардум” ва сабти номи ӯ ба ҳайси номзад ин вокунишу сару садоҳоро ба бор биёрад.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here