Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев зимни ҷаласаи видеоӣ вазъияти эпидемиологии кишварашро хеле ташвишовар арзёбӣ кард. Вай гуфт, ки дар шаҳри Тошканд ва вилояти Тошканд ҳамаи шароити мубориза бо дунёгиршавии коронавирус мавҷуд аст, вале натиҷаҳо қаноатбахш нестанд.

Ба гуфтаи Мирзиёев бо вуҷуди талошҳои зиёд ҳанӯз ҷиҳати ҷилавгирӣ аз пахши бемории коронавирус камбудиҳои зиёд ба назар мерасанд. Теъдоди сироятшудагони ин беморӣ рӯз аз рӯз, ба ҷои коҳишёбӣ, рӯ ба афзоиш аст.

— Чаро баъзе ҳокимҳову роҳбарони идораҳову секторҳо вазъиятро дуруст дарк намекунанд ва намедонанд, ки ҳолат хеле вазнин аст? Онҳо аз вазъияти воқеӣ хулосаҳои дуруст намебароранд, эҳсоси масъулият намекунанд, — гуфт Шавкат Мирзиёев.

Ба таъкиди раисиҷумҳури Ӯзбекистон вазорати беҳдоштӣ дар як моҳи охир ҷиҳати муолиҷаи сироятшудагони ин беморӣ ба камбудиҳои ҷиддӣ роҳ додааст. Дар дорухонаҳо нарх беш аз пеш боло меравад, одамон дорувории мавриди эҳтиёҷи худро пайдо карда наметавонанд.

— Нарасидани кормандони тиббӣ дар шифохонаҳои шаҳри Тошканд ва вилояти Тошканд аз он шаҳодат медиҳад, ки вазорати беҳдоштӣ  ва ҳокимияти пойтахт нисбати ин масъалаҳо масъулияти дуруст ҳис намекунанд. Одамон намедонанд ба кӣ ва куҷо муроҷиат кунанд. Даъвати мошини “Ёрии таъҷилӣ” ба муаммо табдил ёфтааст, — изҳор кард Шавкат Мирзиёев.

Ба гуфтаи ӯ дар марказҳои муолиҷавӣ муносибати шифокорон нисбати беморон нигаронкунанда мебошад. Бар ин асос президент Мирзиёев ба вазири беҳдоштӣ Алишер Шодмонов ва шаҳрдори Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхӯҷаев танбеҳ эълон кард. Ҳамчунин роҳбарони идораҳои зиёд низ “огоҳӣ” гирифтанд.

Президент дар пайи он аз вазорати беҳдоштӣ тақозо намуд, ки хизмати “Ёрии таъҷилӣ” куллан беҳбуд ёбад ва дар шифохонаҳои махсус шумораи катҳо афзоиш дода шаванд. Шавкат Мирзиёев гуфт, ки тарғибот дар миёни мардум вусъат ёбад ва дорувории зарурӣ дар тамоми дорухонаҳо барои тайи се моҳи баъд таъмин карда шавад.

Додситони куллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ниғматулло Йӯлдошев зимни як брифинг гуфт, ҳар мошини ёрии таъҷилӣ бояд баъди 15 дақиқа ба назди бемор ҳозир шавад. Агар гӯшии рақами 103-ро зуд набардоранд, ин ҳол низ мавриди таҳқиқи Додситонии кул қарор хоҳад гирифт.

Ба гуфтаи Ниғматулло Йӯлдошев роҳбарони 1700 дорухонаи шаҳри Тошканд барои боло набурдани нарх ва таъмини саривақтии муштариён қатъиян огоҳ карда шуданд.

Дар айни ҳол теъдоди ба ин вирус сироятшудагон дар Ӯзбекистон ба 14 ҳазору 787 нафар расидааст. Аз ин шумор 72 нафар аз сирояти бемории коронавирус ҷон бохтаанд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here