Комиссияи махсуси ҳукуматии ҷилавгирӣ аз пахшу паҳншавии коронавирус муҳлати қаблии қарантинро аз 20-уми апрел то ба 10-уми майи соли равон тамдид кард.
Ба назар мерасад, ки бо вуҷуди пиёда кардани чораву тадбирҳои зиёди зидди коронавирус вазъият дар Ӯзбекистон ҳанӯз нигаронкунанда боқӣ мондааст.
Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии Ӯзбекистон, теъдоди сироятшудагони ин беморӣ 1543 нафарро ташкил мекунад. То ин вақт 225 нафар аз сироятшудаи коронавирус саломатиашонро куллан барқарор намудаанд, аммо 5 нафар ҷон бохтаанд.
Аз мардуми ин кишвар тақозо мешавад, ки ба қоидаҳои сахти қарантин ҷиддан риоя кунанд ва танҳо барои харидани маводи мавриди ниёзи худ, дорувор, равуо барои муоинаву муолиҷаи тиббӣ ва ба ҷои кор аз хонаҳо берун бароянд.
Дар давраи қарантин дар бозорҳову фурӯшгоҳҳо болоравии нархи баъзе маҳсулот низ мушоҳида мегардад. Ин дар ҳолест, ки ҳукумат барои аҳолӣ ба таври иловагӣ маҳсулоти мавриди ниёзи онҳоро пешниҳод мекунад.
Ба иттилои дафтари матбуоти Додситонии кулли Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ин давра барои ҷилавгирӣ аз ҳодисаҳои болоравии нархи наво чораҳои қатъӣ пиёда мешаванд.
Бино ба иттилои ин манбаъ 313 ҳодисаи гарон фурӯхтани картошка, 49 ҳодисаи гарон фурӯхтани пиёз, 42 ҳодисаи гарон фурӯхтани равған, 34 ҳодисаи гарон фурӯхтани гӯшт, 27 ҳодисаи гарон фурӯхтани орд ба қайд гирифта шуданд. Нисбати 364 вайронкунандаи қоидаҳои фурӯши маҳсулоти истеъмолӣ аз чораҳои қатъӣ кор гирифта шуд.
Ба далели дунёгир шудани коронавирус дар тамоми муассисаҳои таълимии Ӯзбекистон таҳсил танҳо аз тариқи онлайн гузаронида мешавад. Барои иҷрои ин тарзи таълим, ки дар Ӯзбекистон усули комилан нав ва таҷрибавист, тамоми шабакаҳои телевизионӣ ҷалб карда шудаанд.
Интизор меравад, ки Вазорати таълим масъалаи чӣ тавр баргузор намудани имтиҳонҳои аз синф ба синфгузаронӣ ва хатмкунӣ дар ин муассисаҳоро таҳти баррасӣ қарор диҳад ва ба Комиссияи махсуси ҳукуматӣ пешниҳодҳои мушаххаси худро ироа кунад.
Дар ҳамин ҳол як гурӯҳ мутахассисони чинӣ барои ҷилавгирӣ аз пахши коронавирус ба Ӯзбекистон омадаанд. Гуфта мешавад, Ҷумҳурии мардумии Чин дар баробари фиристодани мутахассисони варзида ба Ӯзбекистон, ҳамзамон ба ҳайси ёрии башардӯстона ба ин кишвар воситаҳо ва дорувори тиббӣ низ интиқол додааст.
Мутахассисони чинӣ дар се гурӯҳ доир ба роҳҳои пешгирӣ аз кронавирус ва табобати босамари беморон суҳбатҳои муфид ташкил ва ба пизишкони ӯзбекистонӣ тавсияҳои худро ироа мекунанд.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд