Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон то соати 10:00-и 29-уми апрел теъдоди ба коронавирус сироятшудагон дар ин кишвар 1955 нафарро ташкил мекунад. 12 нафар бемори ба ин вирус сироятшуда дар ҳолати мадҳушӣ қарор доранд. Як нафарро пизишкон аз ин ҳолат баровардаанд.

Нозири идораи давлатии санитариву эпидемиологии ҷумҳурӣ Нурмат Отабеков рӯзи чоршанбе дар як брифинг гуфт, ки ҳанӯз муддати ниҳоии карантин маълум нест ва онро рӯзҳои оянда эълом хоҳанд кард.

— Ҳоло тамоми мардуми мо посухи як суолро мунтазиранд: кай муддати карантин лағв хоҳад шуд? Коршиносони байналмилалӣ чунин мешуморанд, ки фарорасии тобистон ва ҳарорати гармо ба пахшу паҳншавии вируси ин беморӣ таъсири манфӣ мерасонад. Он гоҳ шояд вазъият ба эътидол ояд, — изҳор кард Нурмат Отабеков.

Вай афзуд, ки  дар ҳар сурат агар дар узви 70 дарсади мардуми саросарии кишвараш  вазъи сироятнопазирии вирус пайдо шавад ва ба вирус муқовимат нишон дода тавонанд, карантин лағв хоҳад шуд.

— Ҳоло ҳамаи аъзои Комиссияи махсуси ҷумҳурӣ сари ин мавзӯъ андеша мекунанд ва талош доранд, ки вазъиятро пурра таҳти назорат қарор диҳанд. Баъдан онҳо дар бобати лағв намудани муддати карантин ба як хулосаи ниҳоӣ хоҳанд омад, — иброз дошт Нурмат Отабеков.

Ёдовар мешавем, ки қаблан комиссияи мазкур муддати карантинро то 10-уми май эълон карда буд. То ин замон 8 нафар аз теъдоди ба коронавирус сироятшуда дар Ӯзбекистон фавтида, беш аз 900 нафар саломатиашонро барқарор намуданд.

Дар ҳамин ҳол, ходимони умури интизомии Ӯзбекистон тафтиши иҷозаномаҳои воситаҳои нақлиётӣ дар вақти карантинро аз сар гирифтаанд. Гуфта мешавад, ки ба эътидол наомадани вазъияти дунёгиршавии коронавирус онҳоро ба чунин иқдоми ҷиддӣ водор намудааст.

Ҳамин ҳоло хабар расид, ки боз як ҳавопаймои ҳомили кумакҳои башардӯстона аз пойтахти Чин ба майдони ҳавоии Тошканд фуруд омад. Ин қисмати боқимондаи кумакҳое мебошад, ки Ҳукумати Чин барои Ӯзбекистон муқаррар кардааст.

Маводи мазкур сомонолоти тиббӣ буда, барои ҷилавгирӣ аз пахши коронавирус корбаст хоҳанд шуд.

12-уми феврали соли ҷорӣ, вақте ки вазъияти марбут ба пахши коронавирус дар Ҷумҳурии мардумии Чин бо ташаннуҷи ҷиддӣ рӯ ба рӯ буд, Ҳукумати Ӯзбекистон ба ин кишвар кумакҳои фаврии башардӯстона расонида буд. Гуфта мешавад, ки ҳоло Чин дар ҷавоб ба ҳамон кумакҳо ба Ӯзбекистон ҷиҳати пешгирӣ намудан аз коронавирус маводи тиббии зарурӣ интиқол медиҳад.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here