Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев  25-уми октябр кормандони умури интизомии кишварашро ба рӯзи иди касбиашон табрик гуфта, аз онҳо даъват кард, ки дар ин шароити бӯҳрониву муташанниҷ ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳанд.

Вай гуфт, дар ин замони басо душвор ва зуд тағйирёбанда онҳо бояд ҳушёр бошанд, зеро дар атрофу акноф ноамниҳо ва даргириҳои мусаллаҳона ба мушоҳида мерасанд. Ӯ гуфт, ҳамзамон бо ҷинояткории фаромилии муташаккил, ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва фасодкорӣ беамон бояд мубориза баранд.

Тавре Шавкат Мирзиёев афзуд, иҷрои вазифаҳои зерин бояд дар мадди аввал қарор гиранд: ҷорӣ намудани системаи сифатан нави таълим барои кормандони умури интизомӣ, баландии зеҳнӣ ва маънавию ахлоқӣ, ҷилавгирӣ аз ҷиноятҳо, таҳқиқи ҷинояткорӣ, истифода аз технологияҳои замонавӣ дар тамоми бахшҳо ва воситаҳои махсус,  ҳамчунин дар амал татбиқ намудани усулҳо ва механизмҳои навтарини кор, технологияҳои рақамӣ бар асоси омӯзиши таҷрибаи пешқадами кишварҳои хориҷӣ, гузашта аз ин, беҳтар намудани шароити хидматрасонӣ ва истироҳат, дастгирии моддӣ ва таъмин бо манзил, тарғиби қаҳрамонони ин соҳа, ки дар роҳи ҳифзи амнияту суботи мардум ҷон бохтаанд ва амсоли он.

Гуфта мешавад, дар Ӯзбекистон дар чаҳор соли охир барои устувории қонун ва ба сохтори ҳақиқии мардумӣ табдил додани системаи корҳои дохилӣ корҳои зиёд ба анҷом мерасанд.

— Баланд бардоштани сифатҳои ахлоқии кормандони ин ниҳод дар боло рафтани обрӯ ва эътибори кормандони он дар ҷомеа бояд мусоидат кунад, — гуфт Шавкат Мирзиёев.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here