Ҳар сол 14 январ нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон солгарди таъсиси худро таҷлил мекунанд. 29 сол муқаддам ин нерӯҳои мусаллаҳ ташкил шудаанд. Ба ин муносибат Шавкат Мирзиёев ҳимоятгарони ватанашро бо иди касбиашон муборакбод намуд.

Зимни табрик раисиҷумҳури Ӯзбекистон гуфт, ки рӯзи таъсиси нерӯҳои мусаллаҳ ба иди умумии тамоми мардуми ин кишвар, ба рӯзи садоқат, сифатҳои олии шаҳрвандӣ, мардонагӣ, ҷасорат ва ватанхоҳии онҳо табдил ёфтааст.

— Нерӯи артиши мо дар дар ваҳдати ҳимоятгарони Ватан ва якдилии онҳо бо мардуми шарифамон мебошад. Дар муддати кӯтоҳ тавонистем, ки доктринаи мудофиавиро қабул кунем, сохтор ва вазифаҳои ҳарбиёнамонро  куллан аз нав дида бароем, — изҳор кард Шавкат Мирзиёев.

Гуфта мешавад, ки нерӯҳои мусаллаҳи Ӯзбекистон сол аз сол қавӣ мегардад ва барои муқовимат бо ҳар гуна қувваҳои бадхоҳ омода аст. Ягон нерӯ наметавонад ба ҳаёти амну ороми мардуми Ӯзбекистон таҳдид кунад.

Ба гуфтаи Шавкат Мирзиёев салоҳияти мудофиавии кишвараш хеле мустаҳкам гардид. Ҳамчунин аъзои хонаводаҳои ҳарбиён ба кор таъмин карда мешаванд ва аз шароити беҳтарин бархурдор мебошанд.

Беш аз се ҳазор нафақахӯри артиш ба кор таъмин карда шудаанд. Ҳазор нафар фарзандони ҳарбиён барои таҳсил дар донишгоҳҳо аз грантҳои давлатӣ истифода мекунанд.

— Куллан метавонем бо чунин артиши худ ифтихор кунем. Онҳо ҳамеша ба савганди худ содиқ мемонанд, — гуфт президент Шавкат Мирзиёев.

Вай таъкид кард, ки вуқуи  ҳодисаҳои хушунатомез, ихтилофот дар минтақаҳои мухталифи олам тақозо мекунанд, ки барои таъмини амнияти суботи мардуми Ӯзбекистон тамоми чораҳо пиёда гарданд.

Шавкат Мирзиёев рӯзи ид як гурӯҳ хизматчиёни ҳарбиро бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз намуд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here