Дар Ӯзбекистон минбаъд масъалаи таҳкими карантин баррасӣ намегардад, зеро барои чунин иқдом ниёзе нест. Дар ин бора Хадамоти санитарӣ-эпидемиологӣ ва ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Ӯзбекистон иттилоъ дод.

Тавре ноиби раиси ин ниҳод Нурмат Отабеков гуфт, сарусадоҳо дар бораи он, ки навъи нави коронавирус пайдо шудаасту сар аз 25-уми декабр ба қоидаҳои карантин таҳким мебахшанд, ягон асоси воқеӣ надоранд.

— Касоне бо пахши чунин овозаҳо мардуми моро нороҳат карданӣ мешаванд, аммо мардуми мо ба ҳар гуна овоза ҳаргиз бовар нахоҳанд кард. Дар ҳоле, ки ҳанӯз ҳам коронавурус мардуми оламро сахт ба ташвиши овардааст, мо дар муқобили ин ҳол талош хоҳем кард, ки мардуми кишварамон ба кору зиндагии ороми худ машғул шаванд ва ҳаргиз нигарон набошанд, — изҳор кард Нурмат Отабеков.

Ба таъкиди мавсуф ҳоло Комиссияи хоси ҷумҳуриявии пешгирӣ аз короновирус тартибу қоидаҳои карантинро нарму сода кадааст, то мардумро аз вартаи ваҳму ҳарос наҷот диҳад. Гуфта мешавад, ки бо вуҷуди ин аз мардум тақозо мегардад, ки бояд ба чунин вазъияту шароит одат кунанд ва эҳтиёткор бошанд.

— Дар сурати ташаннуҷи авзоъ мо ҳатман чораҷӯӣ хоҳем кард, вале ҳоло вазъ хуб аст. Гузашта аз ин, сабук кардани қоидаҳои карантин шаҳодат бар он аст, ки дар мамлакати мо вазъи ороми эпидемиологӣ барқарор аст, — иброз дошт Нурмат Отабеков.

Гуфта мешавад, ки ҳудуди 150 нафар аҳолии Ӯзбекистон воксинаи чиноиро қабул карданд, ки ба муқобили коронавирус нигаронида шудааст. Теъдоди қабулкунандагони ин воксин то ба 5 ҳазор нафар афзоиш дода хоҳад шуд.

Агар ин таҷриба натиҷаҳои мусбат ба бор оварад, он гоҳ дар Ӯзбекистон қабули оммавии воксин ҷорӣ карда мешавад. Дар айни ҳол воксинкунонӣ ба шахсоне тааллуқ дорад, ки қаблан ба бемории коронавирус мубтало нашудаанд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here