Комиссияи вижаи ҳукуматии мубориза бо пахши коронавирус эълом доштааст, ки баргузории маросимҳои умумӣ бахшида ба рӯзи хотира ва қадршиносӣ дар ин кишвар мамнӯъ мебошад.

Дар қарори ин Комиссия омадааст, ки бо вуҷуди коҳиши маҳдудиятҳои карантин дар як қатор минтақаҳои ҷумҳурӣ, ки ба аломатҳои “сабз”, “зард” ва “сурх” тасниф карда шудаанд, 9-уми май барои баргузор намудани ҳар гуна маросимҳои умумӣ ва чорабиниҳои дигар иҷоза дода намешавад.

Ҳамчунин аз аёдати собиқадорон низ бояд ҷилавгирӣ кард ва рӯзи хотира ва қадрдонӣ танҳо бояд дар доираи хонаводагӣ таҷлил карда шавад.

Дар ҳамин ҳол Вазорати беҳдоштии Ӯзбекистон мегӯяд, ки теъдоди сироятшудагони коронавирус ба 16 нафар афзоиш ёфт ва дар маҷмӯъ ин теъдод ба 2314 нафар расид.

Бинобар коҳиши баъзе маҳдудиятҳои карантин дар шаҳри Тошканд ба ҳаракати таксиҳо рухсат дода шуд, вале ронандагон бояд ба қоидаҳои ҷоринамудаи карантин қатъиян риоя кунанд, дар акси ҳол онҳо ҷарима хоҳанд шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раёсатиҷумҳури Ӯзбекистон, 72 дарсади сироятшудагони ин вирус саломатии худро барқарор кардаанд, аммо ҳанӯз пахшу паҳншавии ин бемории сироятшаванда қатъ нашудааст. Дар карантин 45 ҳазор шаҳрванди кишвар нигоҳ дошта шуданд. Ҳамаи онҳо аз кишварҳои хориҷӣ ба Ватан баргаштагонанд.

— Ба туфайли дастгирии халқамон, сабру таҳаммули онҳо мо муваффақ мешавем, ки аз пахши доманфарохи ин беморӣ ҷилавгирӣ кунем, аммо бояд  ҳушёриро аз даст надиҳем ва бештар эҳтиёткор бошем, ба қоидаҳои ҷоринамудаи карантин комилан риоя кунем. Мо ҳақ надорем, ки суботи мардумро халалдор созем. Ин то замоне давом хоҳад кард, ки таҳдиди коронавирус дар тамоми ҷаҳон аз байн бардошта мешавад, — гуфтааст Шавкат Мирзиёев.

Ба таъкиди сарвари давлати Ӯзбекистон бо дарназардошти андак мӯътадил шудани авзоъи эпидемиологӣ дар кишвараш баъзе маҳдудиятҳо коҳиш дода шуданд, зеро дар минтақаҳои нисбатан озод аз вируси мазкур бояд иқтисодиёт пеш бурда шавад, одамон маишати оилавиашонро таъмин кунанд.

Дар ҳамин ҳол вилоятҳои Навоӣ, Ҷиззах ва Қашқадарё аз минтақаҳое маҳсуб меёбанд, ки дар он ҷо инфексияи коронавирус ба таври васеъ ба қайд гирифта нашуд ва онҳое, ки сироят шуда буданд, зуд сиҳат ёфтанд. Дар вилоятҳои Сурхондарё, Хоразм ва Тошканд бошад, дар 14 рӯзи охир пахши ин вирус ба қайд гирифта нашудааст, аммо минтақаҳои боқимонда ба минтақаи “сурх” дохиланд.

Дар ҳоле ки Ӯзбекистон дар ин моҳи охир ба ҳодисаҳои ҷиддии табиӣ мувоҷеҳ шуд, вале қоидаҳои карантин қатъиян риоя карда мешавад. Яке аз ҳодисаҳои фоҷиабор дар обанбори Сардобаи вилояти Сирдарё рух дод. Он чаҳор нафар хисороти ҷонӣ ва, ба гуфтаи иқтисоддонҳо, ба ин кишвар миллиардҳо сӯм хисороти молӣ ворид кардааст, бо вуҷуди ин  аз риояи қоидаҳои карантин сарфи назар карда намешаванд.

Бино ба хабарҳои расида Алишер Усмонови миллиарддор аз Русия ба Ӯзбекистон барои рафъи оқибатҳои обхезии Сардобаи вилояти Сирдарё 10 миллион доллари амрикоӣ кумаки башардӯстона интиқол додааст.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here