Корхонаи муштараки ҷамъияти саҳҳомии масъулияташ маҳмуди “Кнауф гипс Фергана”, воқеъ дар ноҳияи Ӯзбекистони вилояти Фарғона, маҳсулоти худро ба Тоҷикистони ҳамҷавор низ содир мекунад.

Дар ин бора намояндаи ин ширкати олмонӣ Дмитрий Дрепалко ба мухбири “Фараж” иттилоъ дод.

— Ин корхонаи сеюми ширкати бонуфузи олмонии “Кнауф” дар Ӯзбекистон мебошад. Ҳаштод сол муқаддам соҳибкори олмонӣ Кнауф ширкати “Knauf International GmbH”-ро таъсис додааст. То ҳол дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла мамлакатҳои аврупоӣ, Амрико ва Осиё, ин ширкат корхонаҳои худро бунёд кардааст, — мегӯяд Дмитрий Дрепалко.

Ба гуфтаи ӯ ширкати “Knauf International GmbH” аввал дар Бухоро ду корхона сохтаву мавриди баҳрабардорӣ қарор дод, ки варақаҳои гипсокортонӣ ва гач истеҳсол мекунанд.

— Ҳоло дар ин минтақаи вилояти Фарғона низ корхонаи худро бунёд кардаем. Барои бунёди он ширкат бештар аз 17 миллион доллари амрикоӣ харҷ кардааст. Варақаҳои гипсокартонӣ, ки корхонаи “Кнауф гипс Фергана” истеҳсол мекунад, ғайр аз он ки дар Ӯзбекистон харидорони зиёд дорад, ҳамчунин барои кишварҳои ҳамҷавори Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон низ содир карда мешаванд, — изҳор кард Дмитрий Дрепалко.

Гуфта мешавад, дар айни ҳол ҳаҷми солонаи маҳсулоти тавлиднамудаи ин корхона 16 миллион метри мукаабро ташкил мекунад. Корхона мувфоиқи талабот ва эҳтиёҷи муштариёни худ ҳаҷми истеҳсоли варақаҳои гипсокартон ва гаҷро беш аз пеш афзоиш хоҳад дод.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here