Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷаи Ӯзбекистон Авазбек Ҳоҷиметов бо хабарнигори собиқи шабакаи “Ал-Ҷазира” Агниешка Пикулитска-Вилчевска дидору гуфтугӯ анҷом додааст. Гуфта мешавад, ки ин хонум барои расман сабти ном кардани худ ба ҳайси хабарнигор ба ВКХ-и  Ӯзбекистон муроҷиат ва ҳуҷҷатҳои худро пешниҳод кардааст.

Тавре дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷаи Ӯзбекистон мегӯяд, дар ҷараёни мулоқоти мазкур ҷонибҳо масъалаи марбут ба сабти номи ин мухбири хориҷӣ ва ҳодисаи номатлубе, ки бо вай рух додааст, баррасӣ карданд.

Зимнан Авазбек Ҳоҷиметов аз Агниешка Пикулитска-Вилчевска барои рӯйдоди номатлуб маъзарат хостааст. Вай илова кардааст, ҳамон корманди онҳо, ки нисбати Агниешка Пикулитска-Вилчевска рафтори номатлуб  кардааст, аз системи ин ниҳод комилан берун карда шудааст.

Интизор меравад, ки масъалаи сабти номи журналисти лаҳистонӣ Агниешка Пикулитска-Вилчевска ба ҳайси хабарнигори хориҷӣ 3 феврал ҳаллу фасл мегардад ва ӯ корти худро ба даст меорад.

Тибқи маълумоти расонаҳои мустақил Рустам ном корманди Вазорати корҳои хориҷаи Ӯзбекистон хостааст бо Агниешка Пикулитска-Вилчевска ишқварзӣ кунад.

Гуфта мешавад, ки Рустам бидуни иҷоза ва берун аз доираи одобу ахлоқ Агниешка Пикулитска-Вилчевскаро бӯсидааст ва ӯро дар вазъияти ногувор гузоштааст.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here