Субҳи барвақти 1-уми май бар асари канда шудани як қисми девори обанбори деҳаи Қурғонтепаи ноҳияи Сардоба, воқеъ дар вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон, киштазорҳо ва хонаҳои зиёди мардум хисорот дидаанд.

Гуфта мешавад, ки ин ҳодиса хисороти ҷонӣ ба бор наовардааст, вале зарари иқтисодии он хеле бузург аст.

Бино ба хабарҳои расида то ин замон дастикам ёздаҳуним ҳазор сокини деҳаи Қурғонтепа аз ҷои ҳодиса ба ҷои дигар кӯчонида шудаанд.

Вазорати вазъи изтирории Ҷумҳурии Ӯзбекистон мегӯяд,  ки тамоми сохторҳои ин ниҳод бо ҷамъи кормандони минтақавиаш дар ҷои ҳодиса қарор доранд. Барои бартараф намудани оқибатҳои он васоили зиёди техникӣ низ ба ин ҷо интиқол дода шудааст.

Бино ба иттилои ин манбаъ сокинони рустоҳои нисбатан наздик ба ин обанбор низ ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд. Қисме аз онҳо дар ҷамоати “Бирлик” ба сар мебаранд.

Дафтари матбуоти раёсатиҷумҳури Ӯзбекистон иттилоъ додааст, ки Шавкат Мирзиёев субҳи имрӯз ба ҷои ҳодиса ҳозир шуд. Гуфта мешавад, барои воҳима ягон асос вуҷуд надорад ва вазъият зери назорат мебошад.

Барои бартараф намудани оқибатҳои кандашавии обанбори Сардоба гурӯҳҳои гвардияи миллӣ низ сафарбар карда шудаанд. Дар бораи ин ҳодиса тафсилоти бештар дода нашудааст.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here