Чанде муқаддам раиси ҳукумати вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон Шӯҳрат Ғаниев бо ҳамтои қирғизи худ Алишер Абдураҳмонов дидору гуфтугӯ анҷом дод. Ҷонибҳо сари масъалаҳои гуногун ба тавофуқ расида буданд ва мо дар ин бора қаблан иттилоъ дода будем. 

Дар он гуфта мешуд, ки аз ин ба баъд истифодаи захираҳои оби фаромарзӣ, чарогоҳҳои талу теппаҳо, равуо аз тариқи марзи ҳамдигар барои сокинони ду самти марз ягон мушкил эҷод намекунад, аммо ин мулоқот ва натиҷаҳои он дар ҳаёти муқаррарӣ ҳаргиз эҳсос намешаванд.

Ҳокимони вилоятҳои Фарғонаву Боткент итминон дода буданд, ки низоъҳои миёни сокинони ду самти марз ба робитаҳои дӯстии мардуми Ӯзбекистон ва Қирғизистон ягон таъсири манфӣ ворид нахоҳанд кард. Ин дар ҳолест, ки бар асари он сокинони деҳаи Чашмаи Ӯзбекистон хисороти зиёди молӣ диданд. Ҳамчунин, 187 бошандаи ноҳияи Сӯх дар ҷараёни он ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд ва муддати дароз дар бемористонҳо мавриди муолиҷа қарор гирифтанд.

Дар айни ҳол як гурӯҳ бошандагони ноҳияи Сӯх наметавонанд аз маркази вилоят ба хонаҳои худ баргарданд. Гуфта мешавад, ки барои мардуми оддӣ ҳанӯз равуои озод аз тариқи хоки ҳамдигар имконнопазир аст. Танҳо мошинҳои ёрии таъҷилӣ ва боркашони махсус метавонанд дар вақтҳои муқарраршуда (на ҳамеша) ба самти ноҳияи Сӯх, ё аз самти Сӯх ба маркази вилоят, ҳаракат кунанд.

— Мо рӯйхат тартиб додем ва ба он шахсонеро шомил намудем, ки хоҳиши аз маркази вилоят ба Сӯх бозгаштанро доранд, аммо барои ин бозгашт иҷозаи Бишкек лозим будааст, барои ҳамин рӯйхати тартиб додаамонро аз тариқи ҳокимияти вилояти Фарғона ба Бишкек фиристодем, — мегӯяд Фарҳод Ҷӯраев.

Тавре ки ин ҳамсуҳбати мо тазаккур дод, дар як ҳафта ду рӯз — сешанбе ва ҷумъа имкони равуо аз тариқи марзи Қирғизистон дода шудааст. Фарҳод Ҷӯраев гуфт, ки баъзан мусофирон маҷбуранд, ки ҳафтаи дароз аз Сӯх омадани автобусҳои мусофиркашонро мунтазир шаванд.

Ин ҳол саволҳоеро ба миён мегузорад, ки оё ба тавофуқ расидани раисони ҳукумати ду вилояти ҳаммарзи Ӯзбекистону Қирғизистон чӣ маънӣ дорад ва чаро он дар ҳаёти мардум комилан татбиқ намегардад? Чаро ҳанӯз мардуми оддӣ наметавонанд аз роҳи тронзитии Қадамҷо-Сӯх рӯзмарра худро аз як манзил ба манзили дигар расонанд?

Тавре ки аз суҳбатҳо бо сокинони ноҳияи Сӯх бармеояд, ҳанӯз қирғизҳо пеши оби чашмаҳоро бастаанд ва сокинони чанд деҳаи ин ноҳияи барои Ӯзбекистон эксклав наметавонанд бо оби ин чашмаҳо  киштзорони худро обёрӣ кунанд.

— Дуруст аст, ки имрӯзҳо ҳусни таваҷҷӯҳи мақомоти идораҳои давлатӣ ба мардуми Сӯх хеле зиёд аст. Ҳукумати ҷумҳуриамон барои аз дарё ва зери замин кашидани оби нӯшокӣ ва оби обёрикунанда талошҳои зиёд ба харҷ медиҳанд, вале ҳамаи ин корҳо бидуни истифодаи нерӯи барқ ғайриимкон аст, — мегӯяд намояндаи шӯрои депутатҳои халқи ноҳияи Сӯх Қодирҷон Амирбеков.

Вай меафзояд, ки нерӯи барқ баъзан бар асари ҳодисаҳои табиӣ метавонад чанд муддат қатъ гардад ва ин ҳодиса боррҳо такрор шудааст. Аммо оби чашмаҳо неъматеанд, ки тӯли ҳазорҳо сол ҷорӣ гаштаву мардуми чанд деҳоти Сӯх аз он истифода карда омадаанд.

— Қирғизҳо бар хилофи расму ойинҳои ҳамсоядорӣ оби чашмаҳоро моли худ қарор додаанд ва аз ин мардуми мо ба азият мувоҷеҳ шудаанд. Дар минтақаи Сари Ҷӯи деҳаи Ҳушёр дарахтони садҳо гектар боғ аз беобӣ хушк шуданд ва мардум маҷбур шуданд, ки онро бурида ҳезум кунанд. Аз ҳосили ин ниҳолҳои хушкида мардуми деҳа даҳҳо миллион сӯм фоидаи соф ба даст меоварданд, — изҳор кард Қодирҷон Амирбеков.

Ногуфта намонад, ки дар ҷараёни мулоқотҳои роҳбарони идораҳои давлатӣ бо мардуми ноҳияи Сӯх чанд ваъдаву қарор сурат гирифта буд. Аз ҷумла, гуфта мешуд, ки нархи молу маводи аз маркази вилоят интиқолёфта аз нарх дар бозору мағозаҳои он ҳаргиз фарқ нахоҳад кард, аммо гапи хона ба бозор рост наомад. Бино ба хабарҳои расида ҳоло сӯхиён як кило помидору бодирингро аз бозорҳо ба нархи дучанду сечанд мехаранд.

— Қирғизҳо аз ҳар як мошини боркаш ба миқдори зиёд пул меситонанд ва баъд иҷоза медиҳанд, ки мошинҳои мо ҳаракаташонро давом диҳанд. Қаблан барои як мошин то се миллион сӯм мепардохтем, ҳоло ин маблағ дучанду сечанд шудааст, — мегӯяд ронандаи яке аз мошинҳои борбар, ки аз зикри номаш худдорӣ кард.

Ба таъкиди ӯ, ҳамаи вазнинӣ боз ба дӯши мардуми Сӯх меафтад, зеро ронандагон маҷбуранд, ки пулҳои дар роҳ сарфкардаашонро ба воситаи бори кашондаашон ҷуброн кунанд. Дар он сурат нархи ҳар кило маводи интиқолёфта ҳадди ақал дубаробар меафзояд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here