Дар Ӯзбекистон бар асари пахши бардавоми коронавирус дар миёни аҳолии ин кишвар ва ҳанӯз ба эътидол наомадани вазъи эпидемиологӣ эҳтимол вуҷуд дорад, ки муддати муқарраршудаи имтиҳонҳои дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ ба тавфиқ афтад.

Ин матлаб дар нишасти намояндагони Маркази тести Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Вазорати мактабҳои олии ин кишвар бо журналистони дохиливу хориҷӣ баён гардид.

Фарҳод Мирзоев, намояндаи Маркази тест иброз дошт, ки ҳанӯз вазъи эпидемиологӣ мӯътадил нашудааст, бо вуҷуди ин муддати имтиҳонҳои дохилшавӣ, ки аз тариқи тест сурат хоҳанд гирифт, барои 1-уми август муқаррар шудаанд.

— Вале вазъи кунунии марбут ба пахши коронавирус метавонад ба саршавии имтиҳонҳои дохилшавӣ таъсири манфӣ расонад. Бо дарназардошти  идома ёфтани мавсими барӯйхатгирии довталабон, агар зарурат пеш ояд, муддати имтиҳонҳои тестӣ ба вақти дигар мутаваққиф мешавад, — изҳор кард Фарҳод Мирзоев.

Ба таъкиди намояндаи Маркази тести Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар айни ҳол корҳои омодагӣ ба имтиҳонҳои дохилшавӣ вусъат ёфтааст ва 1-уми август дар як баст то 754 довталаб аз имкони супурдани имтиҳонҳои тестӣ бархурдор хоҳанд шуд.

— Қарор аст, ки дар ҷараёни имтиҳонҳои дохилшавӣ нозирон ҷалб карда шаванд. Онҳо раванди имтиҳонсупориро зери назорат мегиранд. Ҳадафи асосӣ пойдор будани адолат ва роҳ надодан ба қонуншиканиҳо дар ҷараёни имтиҳонҳои дохилшавӣ мебошад, — тазаккур дод Фарҳод Мирзоев.

Вай афзуд, ки дар айни ҳол ба теъдоди 5 ҳазору 300 нафар барои назорати имтиҳонҳои дохилшавӣ даъват шудаанд. Ҳудудан ду ҳазор нафари онҳо аз тариқи фосилавӣ бо тарзи назорат кардани раванди имтиҳонҳо ошно карда шуданд.

— То оғози имтиҳонҳои дохилшавӣ боз се ҳазор нозир ба ин кор ҷалб карда хоҳанд шуд, — мегӯяд намояндаи Маркази тести Ҷумҳурии Ӯзбекистон Фарҳод Мирзоев.

Гуфта мешавад, ки чунин таҷриба бори нахуст дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон корбаст мешавад. Он имкон хоҳад дод, ки ҷавонони истеъдоднок соҳиби курсиҳои донишҷӯӣ шаванд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here