Дар шаҳри Тошканд ба муносибати 30-солагии мақоми давлатӣ гирифтани забони ӯзбекӣ ҷашни бошукӯҳ ороста гардид. Дар он Президенти ин мамлакат Шавкат Мирзиёев иштирок ва суханронӣ кард. Ба гуфтаи ӯ 21 октябри соли 1989 Шӯрои Олии Ҷумҳурии шӯравии сусиёлистии Ӯзбекистон Қонун “Дар бораи забони давлатӣ”-ро қабул кардааст.
Шавкат Мирзиёев гуфт, ки бар ин асос вай эълом медорад, ки 21 октябр дар Ӯзбекистон минбаъд ҳамчун рӯзи иди умумихалқии забони ӯзбекӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин ид дар саросари мамлакат ба тарзи васеъ ва шукӯҳи хос таҷлил карда хоҳад шуд. Президенти Ӯзбекистон ишора кард, ки дар ин бора оғози моҳи равон амри вижае низ содир намудааст.
— Сӣ сол аз қабули Қонун “Дар бораи забони давлатӣ” сипарӣ гардид, аммо то ба ҳанӯз ба он таваҷҷӯҳи лозимӣ сурат намегирад. Бояд навиштаҷотҳо дар ҳама ҷо пеш аз ҳама ба забони давлатӣ нигошта шаванд. Яъне, моро лозим аст, ки нисбати забони миллии худ арҷу эҳтироми хос гузорем ва ба он ҳамчун ба истиқлолияти мамлакат, садоқат ба Ватани маҳбуб муносибат кунем, — изҳор кард Шавкат Мирзиёев.
Ба таъкиди сарвари давлати Ӯзбекистон ин арҷу эҳтиромгузорӣ бояд дар ҳаёти рӯзмарраи ҳар шаҳрванди кишвараш тараннум ёбад, зеро дар айни ҳол дар донишгоҳҳои зиёд ва муассисаҳои таълимии ИМА, Олмон, Япония, Куриёи Ҷанубӣ, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва амсоли он забони ӯзбекӣ ба таври васеъ тадрис мешавад.
Гуфта шуд, ки дар муддати сӣ сол забони ӯзбекӣ ба забони ҳақиқии сиёсат, дипломатия ва гуфтушунидҳо табдил ёфт. Барои ҳамин ҳар як санаде, ки ба имзо мерасад, ҳатман ба се забон-ба забони давлатӣ, сонӣ ба забони ҳамон кишвар ва ягон забони умумбашарӣ таҳия ва таълиф мешавад.
Дар маросими таҷлили рӯзи забони ӯзбекӣ намояндагони корпусҳои дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, хабарнигорони дохиливу хориҷӣ ва меҳмонони дигар ҳузур доштанд. Баъди суханронии Президент Шавкат Мирзиёев филми мустанад роҷеъ ба қабули Қонун “Дар бораи забони давлатӣ” ба намоиш гузошта шуд. Ҳамчунин, бо иштироки устодони санъат консерти идона баргузор шуд.
Ба муносибати рӯзи мақоми давлатӣ гирифтани забони ӯзбекӣ дар минтақаҳои шаҳри Тошканд ва соири вилоятҳои Ӯзбекистон ҷашну тантанаҳои бошукӯҳ ва маҳфилу консертҳо баргузор шуданд.
Мирасрор Аҳроров,
мухбири “Фараж”, Тошканд