Дар вилояти Қашқадарёи Ӯзбекистон  аъзои гурӯҳи 11-нафарии пайравони мазҳаби тундгаро мавриди боздошт қарор гирифтаанд. Дар ин бора дафтари матбуоти Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон иттилоъ медиҳад.

Гуфта мешавад, сокини 52-солаи шаҳри Қаршии ин вилоят, ки барои ширкат дар гурӯҳи динӣ-ифротии “Ҷиҳодчиён” солҳои 2004-2018 дар зиндон ба сар бурдааст, бидуни он ки хулосаи зарурӣ барорад, дубора ба кӯчаи гумроҳӣ сар задааст.

Вай аз ҳисоби фарзандон ва пайвандони худ, ҳамчунин истихдоми як гурӯҳ сокинони маҳали зисташ, гурӯҳи ҷиҳодчиёнро созмон додааст. Дере нагузашта онҳо ба пайравони гурӯҳи тундгарои “Ҷиҳодчиён” табдил ёфтаанд. Сину соли онҳо аз 20 то 46-соларо ташкил мекунад.

Бино ба хабари дафтари матбуоти Хадамоти амнияти миллӣ вай аз аъзои гурӯҳ даъват кардааст, ки  барои ба Сурия рафтан омода шаванд, то ба гурӯҳи террористии “Катибат-ул-тавҳид ва Ҷиҳод” бипайванданд.

Ин шахс дар месенҷери “Телеграм” таҳти унвони “Шаҳидон” гурӯҳи худро созмон додааст. Дар он маводи аудиоӣ ва видеоиро ҷой кардааст, ки аз матолиби тарғиботии ғояҳои пешвоёни гурӯҳ ва созмонҳои тундраву террористии “Абӯ Салоҳ”, “Абдулло Зуфар”, “Содиқи Самарқандӣ” ва амсоли он иборат мебошанд. Ин ғояҳо одамонро ба ҳиҷрат, ҷиҳод ва шаҳидшавӣ даъват менамоянд.

Дар натиҷаи чорабиниҳои зудамали кормандони садорати Хадамоти амнияти миллии вилояти Қашқадарё ва дар ҳамкорӣ бо ходимони идораҳои дохилӣ аз фаъолияти ин гурӯҳи ғайриқонунӣ ҷилавгирӣ шудааст.

Дар ҷараёни бозпурсиҳои муқаддамотӣ маълум шудааст, ки аъзои ин гурӯҳ бо амри роҳбари худ амалҳои марбут ба дуздиву ғоратгариро тарҳрезӣ кардаанд. Маблағҳои гирдоваришударо мебоист онҳо барои ҳиҷрат ба Сурия ва пайвастан ба гурӯҳҳои террористӣ харҷ мекарданд.

Бар асари пиёда кардани корҳои талошӣ дар ҷои истиқомати аъзои ин гурӯҳ компютерҳо, ноутбукҳо, дрон, флешкартаҳо, дискҳои DVD, телефонҳои ҳамроҳ, адабиёти муҳтавояш тундгаро, ҳамчунин, силоҳҳои оташфишон ва тиру доруҳои он пайдову мусодира карда шудаанд.

Дафтари матбуоти амнияти Ӯзбекистон мегӯяд, ки дар байни аъзои гурӯҳ роҳбари ҷамъияти саҳҳомӣ, чанд нафар тоҷирон ва як нафар донишҷӯи мактаби олӣ низ ҳастанд.

Аз рӯи далелҳои ба дастомада парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ гардида ва таҳқиқоту тафтишот шурӯъ шудааст.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here