Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон чанд мансабдори идораҳои гуногун ба иттиҳоми фасодкорӣ ва авомфиребӣ мавриди боздошт қарор гирифтанд.

Гуфта мешавад, ки ин чорабиниҳо дар ҳамкорӣ бо кормандони идораҳои додситонӣ ва корҳои дохилӣ  пиёда карда шуданд. Аз ҷумла, яке аз роҳбарони бахши сохтмони ҳокимияти шаҳри Тошканд  аз вазифа суистифода кардаааст ва ҳуҷҷатҳои як гектар замини холӣ дар ноҳияи Чилонзори ин шаҳрро ба ивази 1 миллиону 400 ҳазор доллари амрикоӣ ба як соҳибкор расмӣ карда доданӣ шудааст.

Ин манбаъ мегӯяд, шахси мансабдор зимни гирифтани 50 ҳазор доллар дар ҷои ҳодиса боздошт шуд. Ин шахс гуфтааст, ки вай бо ҳидояти яке аз масъулони ҳокимияти ноҳияи Чилонзори пойтахт ба ин кор даст задааст. Кормандони амният шахси дуввумро низ ҳангоми гирифтани ришва дастгир кардаанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон чунин ҳолат дар вилояти Тошканд низ содир гардидааст. Гуфта мешавад, як афсари баландрутбаи корҳои дохилии ноҳияи Янгийӯли вилояти Тошканд зимни гирифтани 10 ҳазор доллари амрикоӣ дар ҷои ҳодиса боздошт гардид.

Ин афсар ба як сокини ноҳияи Янгийӯл ваъда додааст, ки агар ба вай 50 ҳазор доллари амрикоӣ ёфта диҳад, ӯро ба филиали ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Чинобод нефт база” роҳбар таъйин мекунад.

Тавре дафтари матбуоти Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон тазаккур медиҳад, ҳолатҳои ришвахорӣ ва фиреб додани падару модарони зиёд маҳз ҳангоми имтиҳонҳои дохилшавӣ ба макотиби олӣ хеле авҷ мегиранд.

Аз ҷумла, кормандони садорати бахши самарқандии идораи амнияти давлатӣ яке аз устодони Донишгоҳи давлатии Самарқандро ҳангоми гирифтани 6 ҳазор доллари амрикоӣ боздошт кардаанд. Вай узви комиссияи қабули ин донишгоҳ буда, ваъда додааст, ки ду нафар довталаб дар ивази ин пул курсиҳои донишгоҳро ишғол хоҳанд кард.

Боз як устоди Донишкадаи давлатии меъморӣ ва сохтмони Самарқанд низ зимни гирифтани ришва дастгир шудааст. Вай ба волидайни ду довталаб ваъда додааст, ки дар ивази 5 ҳазор долларӣ фарзандонашонро ба донишгоҳ шомил мекунад. Кормандони идораҳои амният ва интизомӣ ӯро зимни гирифтани ду ҳазордолларӣ ришва аз ҳар кадом боздошт кардаанд.

Дафтари матбуоти Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон мегӯяд, аз рӯи ин ҳолатҳо мувофиқи Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Ӯзбекистон парвандаҳо ифтитоҳ шудаанд ва муфаттишон барои аниқ кардани шахсони иловагии ба ин ҷиноятҳо алоқаманд корҳои тафтишоӣ мебаранд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here