Мардуми Ӯзбекистон 8-уми декабр 28-умин солгарди қабули Конститутсияи кишварашонро таҷлил мекунанд. Ба ин муносибат президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мардуми кишварашро табрик гуфт.

— Дар робита бо ҷаҳонгир шудани коронавирус, дар ин сол, мутаассифона, мо наметавонем бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҷашнҳои васеъ барпо кунем. Бо вуҷуди ин, мо қалбан шодмонӣ ва бузургии ин идро ҳис мекунем. Он дар коллективҳои меҳнатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва маҳаллаҳо бо шавқи том таҷлил карда мешавад, — гуфт Шавкат Мирзиёев.

Дар арафаи ҷашни 28-умин солгарди Қомуси асосӣ раисиҷумҳури Ӯзбекистон 104 нафарро афв кард, ки дар маҳбасҳо мӯҳлати ҷазоро адо мекарданд. Гуфта мешавад, инҳо афродеанд, ки аз кардаҳои худ пушаймон шудаанд ва ба мақомот ваъдаи ислоҳ шуданро додаанд.

Аз афроди афвшуда 6 нафар аз адои ҷазои асосӣ пурра озод гардиданд, 50 нафар аз адои ҷазо шартан озод карда шуданд, ҷазо нисбати 7 нафар сабук карда шуд. Гузашта аз ин, мӯҳлати ҳабс, ки нисбати 41 нафар таъйин шудааст, коҳиш дода шуд.

Дар байни афвшудагон 13 нафарро шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ ташкил медиҳанд. Ҳамчунин, 9 марди аз 60-сола боло, 1 зан, 21 нафар шахсе, ки барои фаъолият дар созмонҳои мамнӯъ айбдор шудаанд, афв карда шуданд.

Ногуфта намонад, ки дар давоми соли равон зиёда аз 300 нафаре, ки аз рӯи ноогоҳӣ ҷиноят содир кардаанд ва аз кардаи худ самимона пушаймон шудаанд, афв ва аз муассисаҳои ислоҳӣ озод карда шуданд, мӯҳлати адои ҷазо барои 200 нафар кам карда шуд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here