Аз 10-уми июл тамоми қаламрави Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба минтақаи “сурх” шомил ва ҳаракати нақлиёт дубора ба таври оммавӣ мамнӯъ эълон шуд. Дар ин бора сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон Шоҳрух Ғиёсов ба хабарнигорон маълум кард.

Ба гуфтаи ӯ дар рӯзҳои қарантин фақат фаъолияти мағозаҳои хӯрокворӣ ва дорухонаҳо мутаваққиф сохта намешавад. Ҳамаи нуқтаҳои хӯрокворӣ, ки қаблан иҷозаи фаъолият дода шуда буд, танҳо мувофиқи фармоиш кор мекунанд ва хӯроквориро барои супоришдиҳандагон ба манзилашон мерасонанд.

— Агар то ҷорӣ шудани қоидаи нави қарантин миёни шаҳри Тошканд ва вилояти Тошканд равуо бидуни монеа сурат мегирифт ва одамон метавонистанд худро ба ҷои корашон расонанд, акнун дар равуои озоди онҳо низ маҳдудиятҳо ҷорӣ мешаванд, — гуфт Шоҳрух Ғиёсов.

Сухангӯи Вазорати корҳои дохилаи Ӯзбекистон тазаккур дод, ки мошинҳои дорои иҷозанома метавонанд, дар шаҳри Тошканд ва соири ноҳияҳои он бидуни монеа ҳаракат кунанд.

Дар ҳамин ҳол Комиссияи махсуси ҳукуматии мубориза бо пахши коронавирус эълом дошт, ки дубора як қатор маҳдудиятҳо ҷорӣ карда шуданд. Аз ҷумла, мувофиқи қонунгузориҳо ниҳодҳо ва ташкилотҳои давлатӣ кормандони худро ба рухсатӣ мефиристанд ва қисмати боқимонда фаъолияти худро бар тариқи фосилавӣ идома медиҳанд.

Дар корхонаву муассисаҳо аз баргузор намудани ҷамъомадҳо ҷилавгирӣ мешавад ва чорабиниҳо аз тариқи видеоӣ баргузор мегарданд.

Тамоми сайру тамошоҳо, баргузор намудани чорабиниҳои оммавию фарҳангӣ, тӯю муросимҳо мамнӯъ эълон гардид. Ҳамчунин фаъолияти боғҳои истироҳат, тамрингоҳҳои варзишӣ, ҳавзҳои оббозӣ, тамоми муассисаҳои томактабӣ ва таълимӣ, маҳфилҳову курсҳои омӯзишӣ, санаторияву пансионатҳо, лагерҳои бачагона қатъ карда шуданд.

Зимни идомаи фаъолияти объектҳои саноатӣ ва сохтмонӣ шартҳои махсус ҷорӣ карда шуданд. Ҳамаи ин объектҳо зери назорати шадид қарор дода мешаванд.

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев зимни баргузории ҷамъомади видеоӣ изҳор кард, ки кишвараш як давраи хеле мураккабу вазнинро паси сар мекунад. Вай аз роҳбарони тамоми идораҳо ва мардум даъват кард, ки ин санҷишро бо сарбаландӣ сипарӣ намоянд.

То 9 июл дар Ӯзбекистон 42 нафар бар асари сирояти коронавирус вафот карданд. Гуфта мешавад, ки теъдоди сироятшудагони бемории коронавирус дар шаҳру ноҳияҳои ин кишвар беш аз пеш меафзояд. Ба ҳамин далел чораҷӯиҳо аз сар гирифта шуданд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here