Президент Шавкат Мирзиёев зимни анҷоми як сафари кории дурӯза ба вилояти Фарғона якчанд ҳокими шаҳру ноҳияҳои ин вилоят ва сардорони секторҳои онро аз вазифа сабукдӯш намуд. Онҳо дар бесалоҳиятӣ ва аз уҳдаи иҷрои вазифа набаромадан муттаҳам шуданд.
Дар оғози ин сафари корӣ ҳокими ноҳияи Қува, ҳамзамон роҳбари сектори якум Равшанбек Қурбонов ва се роҳбари секторҳои дигар, ки ба он додситон, сардорони идораи корҳои дохилӣ ва идораи андози ноҳия роҳбарӣ мекарданд, аз вазифа барканор шуданд.
Баъдан айни ҳамин сарнавишт ба сари ҳокими шаҳри Фарғона ва се роҳбари секторҳо омад ва онҳо аз вазифаҳои худ ба истеъфо фиристода шуданд. Дар айни ҳол курсии ин чаҳор нафарро аллакай дигарон ишғол карданд.
Ба гуфтаи Шавкат Мирзиёев, маҳаллае, ки вай ба таври ногаҳонӣ ташриф овард, ба маҳаллаҳои солҳои ҳаштодуми қарни гузашта шабоҳат дорад.
— Ман аз вилояти Фарғона хеле нороҳат шуда баргаштам. Бидуни огоҳӣ ба яке аз маҳаллаҳои ин шаҳр даромадам. Ягон кӯча, ҳавлӣ ва ягон метри мураббаъи маҳалла обод карда нашудааст. Чаро дар бораи ин касе фикр намекунад? Дар мо системи назорат мавҷуд нест,- гуфт Шавкат Мирзиёев.
Ин ташрифи Шавкат Мирзиёев ба вилояти Фарғона боис гардид, ки чанд нафар ҳокимон ва роҳбарони идораҳои шаҳру ноҳия аз курсиҳои худ ҷудо шаванд. Ба ин шумор ҳокимони ноҳияҳои Ёзёвон ва Ӯзбекистони вилояти Фарғона низ шомил шуданд. Онҳо низ барои бесалоҳиятӣ ва роҳ додан ба камбудиҳо ба истеъфо фиристода шуданд.
Яке аз блогнависони вилояти Фарғона Олимҷон Ҳайдаров дар шабакаи телеграми гуруҳи “Воситаҳои ахбори оммавии вилояти Фарғона” навиштааст, ки агар дар маҳаллаи маркази шаҳри Фарғона чунин ҳол мушоҳида шуда бошад, дар он сурат ҳолати рустоҳои дурдастро тасаввур кардан душвор нахоҳад буд.
— Шунидем, ки дар маҳаллаи Шодиёнаи шаҳри Фарғона, ки президент ногаҳон ташриф овардааст, корҳои ободкунӣ дар авҷанд. Тамоми техника ба ҳамон маҳалла сафарбар шудааст, мақомот диққату эътибори худро бештар ба ободии ин маҳалла нигаронидаанд. Аммо ин мушкил танҳо дар маҳаллаи мазкур не, балки дар минтақаҳои зиёди вилоят низ ба мушоҳида мерасад. Ин мушкил бояд дар ҳамаи кунҷу канор бартараф карда шавад,- навиштааст ин блогнавис Олимҷон Ҳайдаров.
Гуфта мешавад, ки агар Шавкат Мирзиёев зимни боздид аз ноҳияҳои дигар ба кӯчаҳои он саре мезад, медид, ки ҳолати он аз маҳаллаи Шодиёнаи шаҳри Фарғона беҳтар нест.
Президент Шавкат Мирзиёев зимни як ҷаласаи дигар роҳбарони баландмақоми идораҳои қудратӣ, аз ҷумла вазири корҳои дохила Пӯлат Бобоҷонов ва раиси кумитаи андоз Шерзод Кудбиевиро шадидан интиқод кард. Вай гуфт, ки ҳарду аз утоқҳои худ берун намеоянд ва мисли мушовири ӯ Турсинхон Худойберганов кор намекунанд.
Ногуфта намонад, ки генерал Турсинхон Худойберганов вазири вазъи изтирории Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад ва ба ҳайси мушовири аз ҳама корчаллон ва уҳдабарои президент Шавкат Мирзиёев шинохта шудааст.
— Вақти дар коғаз худтаърифкуниҳо гузашт,- гуфт Шавкат Мирзиёев ва ҳушдор дод, ки минбаъд бидуни огоҳӣ ба маҳаллаи дилхоҳаш медарояд ва бо вазъияти воқеӣ шахсан худаш ошно мешавад.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд